Ба пархошҷӯ доимо баҳона ҳаст...

Маълум аст, ки дунё дар гирдоб ва офати маргбори бемории коронавирус монда, олимон пайваста роҳи наҷот аз онро ҷустуҷӯ доранд. Кишварҳои абарқудрат ҷиҳати коҳиш додани ин вабои аср тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд. Тибқи маълумоти хабаргузории русии "Интерфакс", дар Тоҷикистон беш аз 700 тест барои ошкор кардани бемории COVID-19 анҷом дода шуда, ягон ҳолати мубталоӣ ба ин беморӣ муайян нашудааст.

Ин далелро намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Галина Перфилева дар Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе аъзои мухолифин дар шабакаи иҷтимоӣ вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии беморӣ маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мегардад.

Ҷумҳурии мо аз нахустин кишварҳое буд, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ тадбирҳои мушаххас андешид, ки яке аз он чанд муддат бастани масҷидҳо буд. Вобаста ба ин, аз ҷониби ҳамандешагони Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ТТЭ ҲНИ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет вокунишҳои зиёд пайдо гардид. Ба қавли як нафар коршинос, “Ин мунофиқони пархошҷӯ боз ҳам гап ёфтанд. Доду вовайло бардоштанд. Ҳол он ки ҳама аҳли олам медонад, ки дар тамоми мамолики дунё масоҷид баста шуданд. Новобаста аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии он мунтазам тадбирҳои фаврии судманд андешида истодааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии пандемияи коронавирус, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.

 Шаҳрзод БОҲИРӢ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh