Ташвиши беҳудаи паймоншиканон

Дар ин рӯзҳо мунтазаму пайваста маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истода, дар он доир ба тадбирҳои андешидашуда вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ва вазъияти иқтисодии кишвар шунида мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводи хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода шуда истодааст. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати доимии ҳукумат қарор дошта, минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии ин беморӣ ба кишвар, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешаванд. Инчунин, дар ҳар маҷлиси Ҳукумат дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш ҳисобот дода шуда, аъзоёни Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ вазифадор карда мешаванд.

Аз тарафиэътилофи Паймони миллии Тоҷикистон» пешниҳодҳо оид ба пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳон барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иғвоангезии навбатии онҳо мебошад.  Тавсияҳо манфиатҳои ғаразнок дошта, онҳо мақсадҳои иғвоангезӣ байни мардум мебошад. Ин ҳадаф аз навиштаҷот равшан аён аст. Агар ин гуна ақида ва «меҳрубон»-иҳои онҳо нисбат ба мардуми Тоҷикистон хеле пештар зоҳир мегардид, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта содир намешуд.   

Хушбахтона, дар мамлакатамон аллакай  ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ва оқибатҳои иқтисодии он чораҳои мушаххас дида шуда ва амалӣ гардида истодааст. Ин  масъала доимо зери назорати ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ба шахсони масъул бобати ба иҷрои фаъолияти фаврӣ тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ дастур дода шуда истодааст.

Намояндагони «Паймони миллӣ» ташвиш накашанд, вазъият таҳти назорат аст.

Равшан УСАНОВ,
дотсент Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh