Коронавирус ва дасисаҳои нави ТТЭ ҲНИ

Ҳарчанд дар бисёр кишварҳои олам сар задани пандемияи КОВИД-2019 ҳолати нигаронӣ ба миён омадааст, набояд парешонхотиру рӯҳафтода шуд. Зеро роҳҳои табобати ин беморӣ имрӯз пайдо шудааст ва ҳолатҳои шифоёбии гирифторшудагон низ рӯз ба рӯз меафзояд, ки натиҷаи заҳмати кормандони тиб мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар ин росто чораҳои пешгирии тавсиявиро, ки Вазорати тандурустии кишвар ироа кардааст, бояд ҳатмӣ амалӣ кард, то нофаҳмие ба вуҷуд наояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Он тадбиру чораҳои тавсиявии Вазорати тандурустии кишвар барои сар назадани ин пандемия таъсири худро расонд ва бояд ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри пешгирӣ аз беморӣ эҳтиёткор бошанд.

Чизи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи кишварамонро нигарон кардааст, рафтори хоинони миллат аст, ки ҳар рӯз матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонанд.

Ҳоло Кабирӣ чанд пешниҳоди муғризона кардааст, ки ба дарди касе ҳам намехӯрад ва ягон асоси воқеӣ надорад. Зеро чуноне, ки медонем, вай ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷияш кӯшиш менамояд, то аз ҳамин ҳолат ҳам сӯиистифода кунаду дар пеши ҷавонони гумроҳкардааш худашро доно ҳисобад.

Имрӯз, ҳатто дар ҳолате, ки аксарияти ин ватангадоён ба гирифтор шудаанд, боз ҳам шукри ватани орому осуда накарда, сафсатахонӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки онҳоро ҳамагон мешунаванду мехонанд. Лек дар асл бошад ба ин касе таваҷҷуҳ надорад ва чеҳраи воқеии  кайҳо ҷомеа шинохтааст.

Мо ин ҳама сафсатаҳои хоинони миллатро, ки нияти бад рӯи коғаз меоранд ва бо чашми каҷ ба кишвари худ менигаранд, маҳкум менамоем ва ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки  зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешрафти сарзамини худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Д.ДАВЛАТОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh