Аз ҳадафҳои нопоки ТТЭ ҲНИ огоҳ бошем!

Падидаи терроризму экстремизм номатлубтарин дар ҷаҳон аст, ки ки инро кулли ҷаҳониён ба ҳамин шакл шинохтаанд ва барои амнияти башарият зараровартарин донистаанд. Дар чанд даҳсолаи охир гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ хеле зиёд гардида, бештар дар заминаи гурӯҳҳои мазҳабиву динӣ зуҳур мекунанд, ки ин хеле хатарнок ҳаст.

Зеро бештар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хотири он, ки зарари ин гуна гурӯҳҳо камтар ба ҷомеа таъсир расад, талош менамоянд, ки пеши роҳи хатарҳо ва амалҳои террористии ин гурӯҳҳоро бигиранд ва дар аксар манотиқи олам барномаҳои зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ амал мекунад.

Аксарияти аъзои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ аз зершохаҳои созмони терористии “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) мебошад ва бештар ғояҳои зараррасонӣ бар ҷомеаро аз ҳамин созмон мегирад.

Худи мулоқоти роҳбари ТТЭ ҲНИ бо роҳбарияти ТТЭ “Ихвон-ул-муслимин” гувоҳ бар он аст, ки онон ба ҳамин созмон бештар такя мекунанд ва ё худ баҳрабардорӣ аз амалҳои зиддибашариро анҷом медиҳанд.

Кабирӣ бештар бо созмонҳои террористӣ ҳамкориро ба роҳ монда, талош мекунад, ки бар миллати тоҷик ва Ватани худ хиёнати бештар кунад ва зарар расонад.

Тавре, маълум аст, Кабирӣ ба хотири ба даст овардани маблағи зиёдтар ва содир намудани амалҳои террористӣ дар қаламрави кишвар махсус омӯзонида шудааст ва аз мактабҳои террористӣ гузаштааст.

Ҳамзамон ҳамаи аъзои ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои хориҷӣ ба таълимоти террористӣ фаро гирфта шудаанд, ки мафкураашон дар гунае аз манқуртият шакл гирифтааст ва ин тоифаи бадкеш мисли манқуртҳо амал мекунанд ва фақат фармони хоҷагони хориҷияшонро иҷро мекунанду мақсадашон ҳам душманӣ бар башарият мебошад.

Аъзои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ баъде ки ҷиноятҳояш ошкор шуд, ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуданд, то аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар амон бошанд.

Пас аз оне, ки кишварҳои аврупоӣ қарор гирифтанд, акнун шурӯъ намуд ба сафсатахонӣ, то миллатро ба роҳгумӣ барад ва ҳамон хиёнатҳояшро, ки хоҷагони хориҷияш тавсия додаанд, амалӣ кунад.

Ин хоинон ба хотири он ки мардумро ба гумроҳӣ баранд ва сарсону саргардон созанд, ҳар рӯз як хабару матлаби бардурӯғ нашр намуда, кӯшиш мекунанд, ки вазъияти кишварро ноором намуда, худ аз пайи манфиатҷӯйи шаванд.

Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ва афроди ноогоҳ аз ҳадафҳои нопоки ТТЭ ҲНИ огоҳ бошанд, фирефтаи суханони ин хоинон нагарданд, зеро мақсаду мароми онҳо аз роҳ задани мардум мебошад.

А.САИДОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh