Ба душмани бераҳму бешафқат ва маккор бетарафӣ нашояд!

Якчанд давлатҳо ва рӯзномаҳои бонуфуз робитаи пинҳонӣ доштани ТТЭ ҲНИ-ро бо ДИИШ, «Ҷабҳат - ун - нусра» ва дигар ташкилоти экстремистиву террористӣ ошкор карданд.

Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба он кишварҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд, ҳамчунин, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошанд, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол, номи роҳбарони гурезаи ҲНИ-ро дар рӯйхати ҷинояткорони байналмилалӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст.

Байни ду гуруҳи террористӣ - ҲНИ ва ДИИШ дар робита ба тайёрсозии кадрӣ ҷиҳати амалӣ намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо маълум гардид. Теъдоди зиёди аъзои ҲНИ дар сафи ташкилоти террористии ДИИШ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ иштирок карданд, ки ин боз исботи ҳамкориҳои онҳо мебошад.

Тарзи фаъолият, мақсади асосии ДИИШ ва ҲНИ ба даст гирифтани қудрат ва ташкили давлати асримиёнагии исломӣ аст. Масъулони ин ҳизби террористӣ ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронанд. Онҳо мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезанд. Зеро ҳизби онҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард. Аммо дар солҳои охир дар мамлакатҳои Аврупо ҳаракатҳои аъзои наҳзатиён ба назорат гирифта шуд, ки дар натиҷа ҳадафҳои онҳо ошкор гардида истодааст.

Равшан УСАНОВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh