НАҲЗАТИËН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Вақте мардуми шарифи тоҷик шодию хурсандӣ мекунанд, садои магасонаи наҳзатиҳо дучанд мегардаду вақте мушкилие пеш омад, аз онҳо асаре ҳам намемонад.

Дур намерем чанд моҳ пеш мардуми шарифи тоҷик иди ниëгони худ Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Наҳзатиëни зархарид пайваста дар шабакаҳои иҷтимои тӯҳмату дасисаҳои беасосро паҳн карданд. Ҳатто беморие ки  дар ҳудуди Тоҷикистон набуд, ҳаст гуфтанд. Хостанд бо ин роҳ ба шодию хурсанди мардум монеа шаванд, аммо натавонистанд.

Имрӯз қисми зиëди давлатҳои ҷаҳонро беморие бо номи коронавирус азият медиҳад. Вақте, ин номгӯи бемори дар ватани азизи мо омад, аз ҳамон лаҳза инҷониб сар карда, саду садояшон баланд шуд.  Ҳар бор баромада аз ислому аз хайру эҳсон сухан мекунанд. Агар заррае аз ислом бохабару  мусалмон мебудед ин корро кайҳо иҷро мекардед. Мо хуб медонем, ки барои як хабари бардурғатон чи қадар пул мегиред.

Худоро шукр ки тамоми мардуми мо дасто бадаст, иттиҳоду иттифоқ шуда аз як гиребон сар берун карда кӯшиш доранд, ки балорову ваборо аз Ватанамон дур созанд.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
омӯзгори МТМУ №40,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh