Эҳтиёт хатари ваборо кам мекунад

Ҳанӯз аз оғози пайдоиш ва рушди пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои муассири пешгирии хатари онро дар мамлакат таҳияву роҳандозӣ кард. Аз ба карантин фаро гирифтани онҳое, ки ба кишвар ворид мешуданд, то пурзӯр намудани назорати сарҳадот ва ҳатто қатъи намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо фақат ба хотири ҳифзи саломатии  аҳолӣ буд.

Бо вуҷуди дорои тамаддун ва таъриху адабиёти ғанӣ будан баъзе аз мо хурофоту воҳима дода шуда, иродаи устувор надорем. Фирефта шудан, бовар ба воҳимаҳои дурӯғ аз камбудиҳои ҷиддии мост, ки сабабгори рӯҳафтодагӣ ва ба миён омадани нофаҳмиҳои мухталиф шуда метавонад.

Бадбахтона, то ҳол низ онҳое, ки бо “муқтазои табиат ва ғароизи каҷдумонаи худ”  хурофоту воҳимаҳоро мебофанду паҳн мекунанд, кам нестанд.

Омӯзиши матолиби баъзе расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоии як гуруҳи камҳайсияти  ба ном “мухолифин” нишон дод, ки эшон бо шодмонӣ интизори сироят ёфтани Тоҷикистон ба ин вабои аср будаанд. Билохира, рӯзи 30-уми апрел расман нахустин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба COVID-19  эълон шуд.

Тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мубориза ба муқобили ин вабои аср албатта, манотиқи кишварро фаро мегирад. Дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ низ муборизаи беамон ба муқобили авҷу густариши коронавирус шуруъ шудааст. Ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон барои татбиқи амру дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ чораандешӣ мекунанд.

Муродулло ПОЧОЗОДА,
муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ,
узви ситоди ноҳиявӣ

Add comment


Security code
Refresh