Муттаҳидӣ пешгирӣ аз хатарҳост

Дар шароити кунунӣ, ки бемории сироятии каронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, аз шаҳрвандони кишвари мо боҷуръатӣ, қавииродагӣ ва босабру таҳаммул буданро тақозо менамояд. Дар чунин шароит мо бояд аз пештара муттаҳидтар бошем, ба таҳлукаю дасисаҳо ва ваҳму воҳима дода нашавем.

Бояд талаботи санитарию гигиенӣ ва чораҳои муҳофизатии муқарраргардидаро қатъиян риоя намоем. Аз рӯи таҷрибаи давлатҳое, ки ин марҳалаи душворро паси сар карда истодаанд маълум мегардад, ки бемории мазкур барои калонсолон ва бемориҳои шадиддошта хатарноктар буда, танҳо 10-15 фисад онро душвортар мегузаронанд.

Дар ин лаҳзаҳо мо ҳамчун ворисони сазовори он аҷдодони пуршарафамон бояд аз ҳарвақта бештар эҳтиёткор, меҳнатдӯст ва қаввиирода бошем ва кӯмаку дастгирии ҳамдигарро шиори ҳамешагии худ қарор диҳем.

Имрӯз бояд аз ҳарвақта зиёдтар меҳнат кунем, худ ва атрофиёнро аз мубтало гаштан ба зуком ҳифз намоем ва аз ҳар ваҷаб заминҳои корам бояд самаранок истифода барем.

Дар байни шаҳрвандони мо мутаассифона, ҳастанд нафарони ҳангомаҷӯву нотавонбин, душману хоин, ки аз ғазаби Худованд ва бандагонаш натарсида, ин вабои натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба сари мардуми аксарияти давлатҳои дунё омадаро мавриди ҳангомаҳои беасоси худ қарор дода, бар зидди давлату ҳукумати кишвар сангпартоӣ мекунанд. Ин амали манфурро танҳо нафароне метавонанд, ки адлу инсоф, имону виҷдонашонро ба хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, танҳо симои инсониашон боқӣ мондаасту халос.

Як нуктаро бояд хотирнишон кунем, ки имрӯз давлату ҳукумати кишвар тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст. Имрӯз Тоҷикистон қудрат ва тавоноии пешгирӣ ва муолиҷаи “COVID -19”-ро дорад.

И.ҶАББОРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh