Санг бар мардуми худ задан осон

Имрӯз ҳам роҳбарони давлатҳо, ҳам мутахассисон ва ҳам тамоми институтҳои таҳқиқотии ҷаҳон барои дарёфти ваксина барои коронавирус COVID-19 машғул ҳастанд. Аммо намояндагони “барҷастаи миллати мо” дар хориҷи кишвар бо суханфурӯшӣ ва тарғиботи мухталиф фаъолияташонро пурзӯр кардаанд.

Аз дуриҳои дур нисбати Ватани хеш ҳар чи гуфтан осон. Бар зидди пандемияи коронавирус ҳатто давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ночор монданд, ҳол он ки як давлати кӯчаки мо. Агар сухан дар бораи нангу номус равад, ҳамон намояндагони “дилсӯзу ғамхори миллат” агар бо нангу номус бошанд майдон аз далер аст, марҳамат.

Хушбахтона, мардуми тоҷик ва Ҳукумати кишвар имрӯз дар муқобили хатари коронавирус муттаҳиданд ва иқтидору имконияти заруриро барои истодагарӣ дар муқобили ин хатар доранд. Илова бар ин, кишварҳои дӯсту ҳамсоя имрӯз ба кумаки Тоҷикистон мешитобанд. Аз ҷумла, аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ба сифати ёрӣ таҷҳизоти тиббии зарурӣ расонида шуд. Табибони ботаҷрибаи ин кишвар барои расонидани кумак дар мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди хатари коронавирус муттаҳид гардидаанд ва тадбирҳои Ҳукумати кишварро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ин вабои аср дастгирӣ менамоянд. Аммо саркардагони ташкилоти террористии наҳзатӣ бо паҳн кардани хабару матолиби муғризона ва бадхоҳонаашон дар ҷомеа ихтилофу иғво барангехта истодаанд.

Манфиатҷӯӣ ва фурсатталабии онҳо ба ҳама маълум аст. Парвои саломатии мардумро ҳам надоранд. Паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон барои ин худбохтагон танҳо як имконияту фурсати дигар барои ба даст овардани манфиат асту халос. Бо ҳамон тангназарию кинатузӣ ва иртиҷоӣ будани ақидаҳои худ чунин вонамуд мекунанд, ки гӯё корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро аз дигарон беҳтар медониста бошанд. Дар тамоми масъалаҳо худро ҳамчун коршинос ҷилва дода, мардумро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд. Ба ҳама корҳо ва масоили ҳаёти кишвар мудохила карда, “машварат”-и нодаркори худро ироа менамоянд. Мардуми тоҷик мақсаду мароми наҳзатиҳоро дар амал дидааст ва медонанд, ки ин тӯдаи хиёнаткорон ба Тоҷикистон танҳо бадбахтӣ меоранд. Ҷиноятҳои нангини ташкилоти мазкур ҳанӯз аз ёди мардуми Тоҷикистон нарафтааст. Агар суханрониҳои саркардаи наҳзатиро таҳлил намоем, мефаҳмем, ки ягона мақсадашон дасисаангезиву туҳмат нисбат ба Ҳукумат ва паҳн кардани нобоварӣ дар байни мардум аст.

Рӯзҳои охир саркардаҳои наҳзат мисли одати ҳамешагӣ худро ҳамчун сиёсатмадору хирадманд нишон дода, дар суханрониҳои пучашон вобаста ба хатари коронавирус дар байни мардум воҳима андохта, ҳангомаҷӯёна мехоҳанд, ки аҳолии кишварро ба изтироб оранд. Вонамуд мекунанд, ки гӯё дар ғами мардуманд, аммо дар асл барои онҳо вазъи ноороми кишвар зарур аст. Сироятшавии ҳамватанон аз коронавирус барои онҳо фурсати навбатист. Пажӯҳишҳои олимони кишварҳои мутараққӣ дар ростои омӯзишу таҳқиқи коронавирус ҳанӯз ба натиҷаи аниқе нарасидааст, аммо саркардаи наҳзат оид ба ин мавзӯъ бешармона ба Ҳукумату мардуми кишвар “тавсияҳо”-и пуч медиҳанд. Тавсияашон ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд карантин ҷорӣ кунад. Ҳукумат тамоми тадбирҳоро бар зидди хатари коронавирус андешида истодааст, ниёз ба тавсияҳои ҷинояткорону террористон надорад.

Дар сухан ғамхору дар амал душмани мардуманд. Агар онҳо дар воқеъ, ғамхори мардум мебуданд ва заррае номусу виҷдон медоштанд, ба чунин харобкорию қаллобӣ бояд даст намезаданд. Барои онҳо танҳо манфиати моддӣ муҳим асту иҷрои супориши хоҷагон. Мутаассифона, имрӯз ин иғвогарон ва қаллобон дар хориҷи кишвар аз ҷавобгарӣ дар назди қонун панаҳ бурда, амалҳои манфури худро зидди давлату миллати тоҷик идома медиҳанд. Тавассути расонаҳои иттилоотӣ хабарҳои дурӯғ паҳн карда, матолиби душманонаро бар зидди манфиати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон интишор менамоянд. Ба баҳонаи хатари коронавирус мехоҳанд ба вазъияти кишвар таъсири манфӣ расонида, дар ҷомеа таҳлукаю иғво барангезанд.

Муътабар ШАРИФОВА,
досенти кафедраи забон ва адабиёти
тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh