МИЛЛАТ ЭМИН МЕМОНАД

Ҳоло ҷаҳон дар шароити бӯҳронӣ қарор дорад, тамоми ҷаҳонро пандемияи КОВИД-2019  фаро гирифтааст ва ин маризии ҳамагир ба остони кишвари мо низ қадами номубораки худро расонид, ки аз ин миллат дар хавотирист. Сокинон кишвари моро ин вабои ҳамагир нигарон кардаасту ҳоло ҳама сокинон бар зидди ин вабои аср дастаҷамъӣ мубориза мебаранд ва вазъи мушкиле пеш омадааст. Лек нафароне пайдо шуданд, ки дар ин рӯзи мушкили миллат пушти парда механданд ва ҳоли табоҳи миллатро ба бозӣ гирифтаанд. Дар мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, то ҳамин хандандаҳоро ошкор созанд ва дар шинохти хоинони миллат, ки худро гоҳе “ҳомии миллат” муаррифӣ мекунанд, саҳме бигузоранд.

Нахустин чизе, ки дар мақолаи мазкур  ба чашм мерасад ин кӯшише дар шинохти душманони миллат мебошад, ки дар мақола хеле хуб ва баҳогузорӣ аз ҳолат арзёбӣ шудааст: “Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифодаву калимоту таъбирҳои нимэронии туркмаобона ва арабиасли бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо шеваи чуғз таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.

Албатта, ин бесабаб нест, ҷое зиндагӣ мекунанд, мансуб ба аҷнабист, пуле мегиранд мансуб ба аҷнабӣ, афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, супориши аҷнабиҳост… Аъзои ин гурӯҳак зоҳиран  одаманд, аммо амалан касоне ҳастанд, ки корбурди воҷаи «одам» нисбаташон ҳайф аст. Онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ шахсият нестанд. Инҳо идомаи ашхоси тарбиянадидаи ватангадои таърихии хешанд. Ин касалии онҳо авлодӣ аст.

Суоли матраҳ дар он аст, ки ҳамин тоифаи бенангу номус ба кадом миллат мансубият доранд?

Гузашта аз ин, Кабирӣ фосиқи эътирофгардида аст. Пас аз мутолиаи ин далел ва ин ҷумалот дар дили инсон тарсу ҳарос пайдо мешавад, ки ин тоифаро аз зоти одамӣ хонад. Аммо барои таърих аз шинохти ин тарбиянадидагон сафҳаҳое боз хоҳад шуд, шояд садсолаҳо барои шинохти террористону бадкешон ҳамчун манбаи умумиҷаҳонӣ истифода шавад.

Ҳоло дигар баҳси ин ё он не, сиёсату сиёсатбозӣ не, балки шинохти инсониву дарки ҳолат зарур буд, ки мо дар ин вазъ аз душманон шинохти хубе бо пайнавишти мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС” пайдо намудем ва ҳатман ҳоло суоле ин ҷо сар мезанад, ки  тоифае, ки ному насаби тоҷикиро ба худ гирифтаанд,  оё нангу номуси инсонӣ доранд? Шинохт аз виҷдони инсонӣ ва фалсафаи вуҷудро доранд?

Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh