НАҲЗАТИЁН АЗ ФУРСАТ ИСТИФОДА МЕБАРАНД

Қариб ним сол мешавад, ки дар тамоми ҷаҳон касали  сирояткунандаи ҳавфнок коронавирус  дар Чин пайдо шуда, ба  давлатҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст. 

Мардуми кишвар бо фаъолияти ободкорию созандагӣ, ташвиқотчигию ташаббускорӣ, бунёдкорӣ барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ машғул аст.

Дар шароити авҷ гирифтани касалии сирояткунандаи коронавирус ҳамчун вабои асри ХХ1 онҳо ҳам аз мақсадҳои  ғаразноки худ истифода мебаранд. Коронавирус ба иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон зарари беандоза калон расонида истодааст. Хатто давлатҳои абадқудрат ҳам дар роҳ оҷизи карда истодааст.

Ҳизби фаъолияташ  дар Тоҷикистон манъ шудаи наҳзати исломӣ бо сарвари М.Кабирӣ намоиши байналмилалӣ ташкил карда, бо ин роҳ дар  байни аҳолии Тоҷикистон тарафдорони худро пайдо кардан мехоҳад.

Ягон мардуми чин, яҳудӣ, америкоӣ, русӣ, туркӣ, олмонӣ, муғулӣ ва ғайра ҳам бо монанди М.Кабирӣ ва душманони дигар Ватани худро сиёҳ накардааст. Душманони хориҷӣ ва давлатҳои ба мо  нияти сиёҳ дорад ба онҳо барои вайронкорӣ пул медиҳанд.  Онҳо на миллат, на мазғаб, ватан, виҷдон, инсоф ҳам надоранд. Аммо мардуми тоҷик тамаддунсоз, маърифатпарвар, бунёдкор ва ташаббускор мебошанд ва ҳеҷ гоҳ ба душман роҳ намедиҳанд. ҳушёриро аз даст надода, ба воқеаҳои байналмилалӣ беэътибор нашуда, бо кори созандагӣ машғул мебошад. Дар ободию оромии кишвар саҳми худро мегузорад. 

Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
ба номи академика Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh