Куҷост он ватандӯстӣ, ғурур ва мардонагии наҳзатиён?

Рӯзи гузашта зери унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” мақолаи Азимҷон Раҳмонзода, муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин, ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва Фирдавс Мирзоёров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аксари расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро фаро гирифт, ки ин, бешубҳа, аз ҳамовозии қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷику тоҷикистонӣ дарак медиҳад.

Зеро дар он ҳаводис ва руйдодҳои олам махсусан, мавзӯи бадбахтии саросарии олам-коронавирус, муносибати манфии баъзе аз хоинон ва нотавонбинони миллат чун ТТЭ ҲНИ ва пайравони онҳо баҳои воқеиву мардона ва инсонгароёна дода шудааст. Дар мавод ҳақиқати ҳол, ғурури ватандориву ватандӯстии муаллифон басо равшан мушоҳида гардида, ба ҳар масоили ташвиқи иғвоангезона, амалҳои ғайриинсонӣ, ба тарсу андохтани шаҳрвандон ва паҳн намудани хабарҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳои ифротии ТТЭ ҲНИ мӯшикофона рӯоварӣ шудааст. Чунончи хитоб ба наҳзатиён ва дигар нотавонбинони давлату миллат зикр мегардад: “ин иғвогарҳо насиҳатгар доранд. Аммо ягонтои онҳо тоҷик нестанд. Хуни тоҷикӣ надоранд. Онон зар доранд. Зар медиҳанд, то сар бихаранд. Зар медиҳанд, то ору номусу нанг ҳангоми ҷанг бихаранд. Онон истифодабарандагони тоҷиконанд. Чунин тоҷиконро мехаранд ва мефурӯшанд. Аз як даст ба дасти дигар медиҳанд. Ин аст мафкура ва маънавиёти як гурӯҳак, ки худҳошонро, «саршиноси тоҷик», «ҷурналисти шинохтаи тоҷик», «нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик», «чеҳраи шинохтаи тоҷик» ном мебаранд”. Дар ҳақиқат ин ифротиёнро месазад, ки аз ҳадафу амали нопок ва нақшаҳои зархариди хориҷӣ дурӣ ҷуста, баръакс, барои таҳкими пояҳои давлатдориву сулҳу осоишта, решакан намудани ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва ин бемории сироятии коронавирус муборизаи шадид нишон диҳанд. Бояд ба хориҷиён муттаҳидӣ, мардонагӣ, ватандӯстӣ ва тоҷики асил будани худро бо амалҳои шоистаи инсонӣ нишон дода, заррае аз муаммои тоҷику тоҷикистонӣ ҳарфе назананд. Зеро танҳо дили тоҷик ба Тоҷикистон месӯзад на хориҷиён. Вабои асре, ки бо номи коронавирус ҷаҳониёнро фаро гирифт ба Тоҷикистон низ вуруд шуд вале чӣ ҳоҷати хурсандии ин наҳзатиён аст? Дар ҳоле, ки сухан дар бораи зодгоҳу кишвари худ ва тоҷику тоҷикистонӣ меравад. Ҳоҷат ба доиранавозиву хушҳолӣ нест! Муаллифони мақола дуруст қайд менамоянд, ки “Ҳама медонистанд, ки ин вабо дер ё зуд ба кишвари мо низ меояд. Аммо ҲНИчиҳои террорист пешопеш табли шодӣ мезаданду таҳлукаангезӣ ва тарсафканӣ мекарданд, яъне даст ба коре мезаданд, ки ҳатто душман намекунад”. Мо бояд ба хориҷиён нишон диҳем, ки амалҳое, ки роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба дастгирии моддиву маънавии табибону беморон карда истодаанд (ягон минтақа мадди назар нашудааст), дастгирии соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ҳадафи аз як гиребон сар бароварданро доранд... Ин ва дигар мисолҳо ҳатто дар тафовут бо дигар кишварҳо шояд ба мушоҳида нарасидаанду намерасанд. Зеро давлат, шаҳрвандони чи дохиливу тоҷикони бурунмарзии мо ҳамқадам ва ҳамнафаси кишвари худ ҳастанд. Аммо наҳзатиён чӣ?

Хулоса, дар шароити муосир, боз намудани саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле осон ва қулай аст. Аммо ин гурӯҳҳои ифротӣ ва ё наҳзатиро водор месозад, ки аввал андешаи солим намоянд, дуюм дар фикри Ватани миллати худ бошанд, ғурури тоҷик будани худро ба хориҷиён исбот намоянд ва дар рӯзҳои ғаму шодӣ ҳамшарик бошанд на ҳамчун тамошобин!

Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашинос, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh