Бадбинон кӯр шаванд

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ як зумра нафарон ва гуруҳҳои Ватану миллатфурӯш мисли «занбурӯғҳои беору заҳрогин» пас аз борон «сар боло» карда, дар чунин вазъият, ки ҳамдилии ҳар як тоҷику тоҷикистониро беш аз пеш талаб мекунад, садои гӯшхарошу забони «сурх» бароварда, чун ҳамеша манфиатҳои ғаразноку нопокашонро «рӯи кор» овардаанд.

Ростӣ, дар ҳоли ҳозир, тамоми фаъолону масъулин ва шахсони сарсупурдаи халқу миллат ва давлату ҷомеа баҳри пешгирии сироятёбӣ аз COVID-19 дар такопӯ буда, иқдомҳои гуногуни хайриявию тарғиботиро ҷиҳати бобати беҳдошти солимии ҷомеа роҳандозӣ намуда истодаанд, вақти қиммати хешро барои «мутолиа»-и «андеша»-ҳои душманони Тоҷикистони маҳбуб масраф намудан ҳайф аст. Зеро онҳо гуруҳҳое мебошанд, ки на ба халқу миллат, на ба давлату Ватан ва на ба аслу насаби хеш парво надоранд. Вагарна, имрӯз баҳри расидагӣ кардан ба паст намудани фишори воҳимаву таҳлукаи мардуми шарифи Тоҷикистон аз сироятёбӣ ба COVID-19 аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебурданд. Баръакс, онҳо ба ҷуз талбандагии маблағу «сарпаноҳ» аз хоҷагони хориҷии худ барои расидан ба ҳадафҳои нопоку ношоистаи номи неки тоҷикистонӣ кор бурда, мақсади сӯхтану нообод кардан ва «обро лой карда моҳӣ доштан»-ро ният доранд. Бидонед!, асло ба чунин мақсади разилонаи худ нахоҳед расид!

Бобур ҚОДИРОВ,
ноҳияи Деваштич

 

Add comment


Security code
Refresh