Хиёнаткор Ватан надорад!

Муҳиддин Кабириро мардуми кишвар хамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси хар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Муҳиддин Кабирӣ бошад хоини миллат ва ватанфурӯш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурӯғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафсатаву ваъдаҳои дурӯғ як гуруҳ одамони бесавод ва хурофотпарастро сарҷамъ намуда, хиёнати худро давом дода истодааст, дар таърихи навини тоҷик хиёнаткортарин тоҷик ҳаст. Кабирии хиёнаткор, ки таърих ёд надорад. Гурӯҳҳои ифротии салафия, ваҳҳобия ва ТТЭ ҲНИ имрӯз мехоҳанд ҷавононро бо ташвиқу талқин ба афкори диниву манфиатҷӯёни худ ба корҳои бад сафарбр кунанд.

Нуқтаи дигари муҳими қазияи назҳатиҳоро имруз халқ хуб дарк мекунад, ки созмонҳои террористию экстремисти ҳизби мамнуъ ва роҳбарони фирории онро ҷонибдори мекунанд ва хуб медонанд, ки имрӯз ин ташкилоти мамнуъ чи хасту роҳбари он Кабирӣ ки ҳаст.

Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гуё дар Тоҷикистон дин хор шудааст ва ҳеҷ гуна озодии эътиқоди риоя намешавад. Сиёсати интихобнамудаи роҳбари ҳизби мамнӯъ-Муҳиддин Кабирӣ бо номи “сиёсати сабр”, ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи “Ихвон-ул-муслмин” аст. Мутобиқи “сиёсати сабр” назхатиҳо дар навбати аввал бояд “қадам ба кқадам” вазъи инкилобиро тайёр кунанд ва пасон инкилобро роҳандози намоянд.

Хиёнаткор Ватан надорад. Кабирии беимон ва ба халқу ватан хиёнаткарда дар руйхатии аввалини чунин шахсон меистад. Ин ифротии лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи тӯҳмату бӯҳтонхои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “тӯхфаҳои гарон” мегирад.

Албатта бинобар чораҳои муассир андешидани Ҳукумати мамлакат масъалаи мазкур мисли пешина тезу тунд нест ва пурра хал шуданаш кори вақт аст. Аммо то замоне, ки ҳатто як ҳамдиёри мо, хусусан ҷавонони гумроҳзада дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ бошанд, мубориза алайҳи терроризиму экстремизм, бахусус ҷахонбинии “сиёҳу сафед” идома хоҳад ёфт.

Қаюмов Ф.Ғ. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh