Суханҳои косалесони Кабирӣ

Аз рӯи расонаҳои хабарии гуногун ба монандӣ, Радиои Озодӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Facӯӣook назар андозем, пас маълум мегардад, ки бештари диққатҳои хусусан намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ба ин шабакаҳои қайдшуда равона шудааст, зеро инҳо аз рӯи ақидаи манфурон ҳамчун манбаи асосии таъсирррасонанда ба мафкураи ҷавонон ҳисобида мешаванд.

Аз рӯи таҳлилҳои хабарҳои охирин сухан гуфтанӣ шавем, дар он хусусан фикру ақидаҳои ибрознамуда бештар дар ҷодаи аз ҷониби лагандбардорони Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ӯ, ки худро ҳамчун шахсони боадолату инсондӯст ва ғамхори мардуми кишвар меҳисобанд,  сафед гардонидани он ватанфурӯшон ва кӯрнамаконони собиқ аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад.

Дар асоси таҳлили ин гуфтаҳо ҳар як шахси тозафикру ватандӯсти кишвар бо боварии комил қайд менамояд, ки ҳамаи ин ақидаҳо ҳама нодурустанд, зеро сабабҳои эълон гаштани ҳизби қайдшуда ҳамчун ҳизби хусусияти террористиву экстремистидошта ба ҳама маълум аст. Акнун нисбати қарори СММ назар андозем, пас маълум мешавад, ки агар ин гуфтаҳо рост мебуд ва дар ҳақиқат ин ташкилот онҳоро бегуноҳ эълон мекард, онҳо ин қарорро бо иқтибосаш меоварданд. Пас гуфтан ба маврид аст, ки мо набояд ба ин суханҳои пуч ва фиребангез бовар кунем, балки ҳамеша кӯшиш намоем, то ки ҳамавақт барои халалдор нагаштани оромии дар кишварамон мавҷуда, саҳмгузор бошем.

Қосимов З.А. – ассистенти кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh