Озодии ҳар кас то ҷоест, ки озодии дигарон шурӯъ мегардад

Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу демократӣ аз оғози соҳибихтиёрии хеш сиёсати сулҳҷӯёнаро бо тамоми кишварҳо, алалхусус, ҳамсоямарзҳояш пеша карда, дар робитаи сиёсиаш манфиатҳои дуҷонибаро ифода месозад. Агар ба муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳаммарз таваҷҷуҳ гардад, яқин мешавад, ки то ин дам ҳеҷ як талоши манфиатхоҳонаи шахсӣ ва ё якҷониба аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва хоса ҳамсоягон анҷом наёфтааст.

То ин дам ҳеҷ санадеро наметавон мисол овард, ки дар он талоши ҳукумат нисбат ба муносибатҳои хусуматангез ва иғвогарона бо ҳамсоягон собит гардида бошад. Бар хилофи ин, мо миллати тоҷик борҳо шоҳиди бо роҳи мусолиҳаомез ҳаллу фасл сохтани низоъҳои байнимарзиву байнидавлатӣ гардидаем ва устувории эҳтироми ҳаққи ҳамсоягонро равшан эҳсос менамоем. Пешвои муаззами миллат мунтазам халқи кишварро ба рӯҳияи дӯстиву бародарӣ бо тамоми халқияту миллатҳо раҳнамун сохта, ҳамеша барои гиромидошти ҳаққи ҳамсоягӣ бо онҳо таъкидҳои бамаврид меоваранд.

Дарвоқеъ, халқи тоҷик аз дарозои таърих то имрӯз ҳамеша ҷонибдори пайвандии дӯстона байни робитаҳои хориҷиву дохилӣ буду ҳаст. Равобити сиёсии Ҳукумати кишвар бо ҷониби Қирғизистон ҳарчанд дар доираи муносибатҳои дӯстона қарор дошта бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандони алоҳидаи  қирғиз борҳо вазъ дар минтақаҳои марзӣ ноором карда мешавад ва Ворух дар ин самт аз минтақаҳои асосии зарарбинанда гардидааст. Давоми соли 2019 14 ҳолати нанговари номуросоӣ ба миён омада, аз ҳарду ҷониб ярадорону талафдидагони ҷониро ҳам ба миён овард ва дар натиҷа ҳатто сарони олии кишварҳо бар ин минтақаи марзӣ ҳузур оварда, халқи ҳарду ҷонибро ба зиндагии дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват карда буданд ва сокинони ҳарду миллат ваъда дода буданд, ки аз ин ба баъд тибқи меъёрҳои ахлоқӣ амал мекунанд ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо гузошта, бародарона умр ба сар мебаранд.

Мутаассифона, ин аҳд аз ҷониби мардуми наздисарҳадии қирғиз шикаста шуда, муноқишаи байни ин ду миллатро боз ба миён оварданд. Бо мусоидати намояндагони расмии ҷонибҳо ҳарчанд гуфтушуниди навбатӣ оғоз гардида буд ва назардошти қабули қарорҳои мувофиқаоӣ ҷой дошт, аммо ин навбат низ сокини ҷамоати Оқсойи Қирғизистон Соат Бахтибеков ноҷавонмардона ба сӯйи коргарзани бригадаи №14-и тухмипарварии маҳаллаи Ибод Файзуллоеви Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Шукрона Шарофаи 25-сола, ки дар замин ба кор машғул буд, тир кушод ва ӯро захмӣ сохт. Ин амали нанговар, бори дигар собит сохт, ки на ҳамаи сокинони наздимарзии Қирғизистон босубот ва муросо зиндагӣ карда метавонанд. Ҷойи тааҷҷубовар он аст, ки чаро мақомоти баландпояи Қирғизистон дар баррасии чунин муносибатҳои шаҳрвандонаш саҳлангорӣ мекунанд? Халқи мо дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбубаш роҳи мусолиҳаро пеша кардааст, аз ин ҷо набояд нисбат ба чунин муносибат ҷавоби бефарқона дода шавад.

Масъулини ҳукумат ва мақомоти дигари Қирғизистон бояд ба ҷустори ҳақиқат ва ҷазо додан ба сабабгорони ин муноқишаҳо саъй кунанд ва роҳи чунин бетартибиву ноамниро дар марз ҷилавгирӣ созанд. Набояд онҳо фаромӯш кунанд, ки пос доштани ошноиву рафоқат байни сокинони ҳарду давлат ба манфиати ҷонибҳост.

Ғафурҷон БАРОТОВ,
вакили маҷлиси шаҳрии вакилони
халқ директори МТМУ№26

Add comment


Security code
Refresh