Низому маром – кафили ҳаёти солими ҷомеа

Дар саросари мамлакатҳои олам пайдо ва паҳн гардидани вабои нави асри XXI – бемории сироятии COVID – 19 низому мароми ҳаёти ҳамарӯзаи фардони ҷомеаро куллан тағйир дод. Ҷорӣ гардидани реҷаи карантинӣ, ниқобӣ, дастпӯшакӣ, манъи пурсупос бо дастфишориву оғӯшгирӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти инсон, аз он ҷумла гигиенаи шахсӣ низ ба муқаррароти ҳатмӣ табдил ёфту ҳатто ба аксарияти мардум одат ҳам шуд. Ҷиҳати мусбии падидаи нав шояд он бошад, ки имконияти бештари машғул шудани волидайн ба тарбияи фарзанд дар муҳити оила пайдо гардид. Вале, ин раванд дар қайди равандҳои дигари рушди ҷомеа чандон мушкилоту муаммоҳои наве ба вуқӯъ пайваст, ки ҳаллу фасли фавриро тақозо менамояд.

Метавон дар қатори мушкилотҳои пайдогашта дар раванди мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус баъзе муаммоҳои экологиро номбар намуд, ки боиси таҳдиди хатар ба сиҳатии ҷомеа гардиданаш эҳтимолият дорад. Ҳамарӯза мешунавем ҳар нафар мебояд ниқобу дастпӯшак истифода барад ва дар 2-3 соат ниқоби худро иваз намояд. Яъне,ниқоби истифодашударо ба қутти партов партофта ниқоби нав пӯшад. Ғайр аз он, танҳо дар миқёси Тоҷикистон анқариб 10 ҳазор нафар табибону ҳамшираҳои тиб, зиёда аз 3,5-4,0 ҳазор нафар кормандони масъулини чораҳои безараргардонӣ ҳамарӯза аз воситаҳои инфиродии ҳимоя (ниқоб, дастпӯшак, либоси яккарата ва ғайра) истифода мебаранд, ки шумораи якрӯзаи он тақрибан 14 ҳазор ниқоб, 14 ҳазор дастпӯшак ва 14 ҳазор либоси яккарата, ҷамъулҷамъ 42 ҳазор адад партови нави таркиби сунъии химиявӣ (синтетикӣ)-дошта ҳосил мегардад. Агар, ба ин ҳаҷм шумораи нафарони ниқобу дастпӯшак истифода менамудаи кишварро гирем, фаразан баробар ба 450-500 ҳазор ниқобу 450-500 ҳазор дастпӯшак ба эътибор гирем, то900 ҳазор -1 миллион дар як шабонарӯз мешавад. Танҳо дар як рӯз тақрибан 1 миллион адади партови пайдоиши синтетикӣ (ҳалнашаванда) ҳосил мегардад, ки бо ҳисоби миёна 1 000 000 дона х 150 граммӯ 150 000 000 г ё худ 150 тонна ё он китақрибан 300 метри мукаабро ташкилмедиҳад, ки ҳаҷми хеле бузурги партови махсус мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ин маводҳои истифодашуда эҳтимоли мавҷудияти вирусҳои боқимонда манбаи сироятии нав вуҷуд дорад ва муомилоти махсус бо онҳоро тақозо менамояд. Мебояд, ки чунин партовҳо дар қуттиҳои махсус ҷамъоварӣ гардида баъд аз кашонидан ба партовгоҳи шаҳрӣ бо усулҳои муайян безарар ва гӯронида шаванд.

Аммо, имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки ягон мақомоти масъул - на ҳифзи муҳити зист, на санитарию эпидемиологӣ, на муассисаи партовкашону дигарон ба ин мушкилоти пайдогаштаи экологӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Партовҳои зикрёфта дар қатори партовҳои истеъмолӣ ҷойгир карда шудаистодаанду баъдан низ тартиби муомилот, чун ба партови истеъмолӣ суръат гирифта истодааст.

Бинобар ин, ҳамчун мутахассиси соҳаи табиатшиносӣ аз масъулини соҳа даъват менамоям, ки фавран ҷиҳати танзими раванди ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, кашонидан, безарар ва гӯронидани ниқобу дастпӯшакҳо, либосҳои яккаратаи зиддивирусӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Дар акси ҳол, ин маводҳои зикрёфта аз як ҷониб манбаи эҳтимолии паҳншавии бемории сироятӣ ва аз тарафи дигар сарчашмаи ифлосшавии муҳити зист бо маводҳои сахттаъсири пайдоишаш сунъӣ мегардад.

Пешниҳод менамоям, ки ҷиҳати низому мароми муайяни муомилотҳо бо чунин партовҳо тавсияномаи мукаммалу саҳеҳи илман асоснок таҳия ва ба самъи ҳар як фарди ҷомеа расонида ва назорати иҷрои он таъмин карда шавад. Вабои омада мегузараду табиати зебою нотакрори Ватани маҳбуб – Тоҷикистони соҳибистиқлолро эмин аз мушкилотҳо ба наслҳои оянда поку беолоиш мерос гузорем!!!

М.Собиров, дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh