НАҲЗАТИЁН ИМРӮЗ БО НИҚОБ ҲАРЗА МЕГӮЯНД!

Ҳоло душманони миллат, бадхоҳони миллат, наҳзатиёни манфур ва бадкеш мехоҳанд, ки ҷомеаро  ноором кунанд, миллатро ба гумроҳӣ баранду ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Онон ҳоло зери ниқоб баромад карда, чандин созмонҳои ифротиро дар хориҷ аз кишвар таъсис додаанд, то мардумро гумроҳ кунанду миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ шарманда созанд.

Наҳзатиёни манфур ва палид  барои ин кор аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфт мегиранд ва ҳоло чандин сомонаҳои ифротиро низ таъсис додаанд, то иғвобарагезиву дасисабозӣ кунанд. Онон ҳоло худро “ватандӯст”, “ғамхори миллат”, “ҳомии мардум” вонамуд сохта, кӯшиш мекунанд, то пардапӯшона бар миллат хиёнат кунанд. Зеро ҳамагон хуб медонем, ки душман дар ниқоб баромад мекунад ва имрӯз наҳзатиёни бадкеш ҳам  аз ҳамин роҳ истифода карда, миллатро гумроҳ карданӣ ҳастанд. Ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо ба ҷойи ғамшарикӣ бо миллат, ҳарза мегӯянд, матлабҳои бардурӯғро нашр месозанд.

Албатта, бовар дорем, ки миллати тоҷик ба ин бадкешон ҳаргиз бовар нахоҳад кард ва рӯзе ҳатман санг бар сари ин душманони наҳзатӣ хоҳад зад.

Мо, устодони кафедра ин рафтори наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда, ба ин хоинони наҳзатӣ лаънат мехонем!

Изҳороти устодони кафедраи фанҳои
гуманитарӣҷтимоии ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh