Дасисаи Кабирӣ ва иғвои «Озодӣ»

Хабари рӯ ба таназзул ниҳодани афзоиши вабои коронавирус низ моро хеле хурсанд намуда истодааст. Маълум гардид, ки чанд рӯзи охир сафи мубталошудагон ба ин беморӣ кам гардида, сафи шифоёфтагон афзун шудан дорад. Навидҳои умедбахш аз гӯшаю канори мамлакатамон доир ба орӣ шудани бемористонҳо аз иллатмандони коронавирус моро қавиирода менамояд.

Аммо дар чунин давраи вазнину ҳассос инсонҳое ҳастанд, ки дар фикру хаёли душманӣ бо мардуми сарҷамъу саодатманди тоҷик буда, бо ҳар васила вақти муносиб ёфта, миёни мардум хабарҳои наҳсу ваҳимро паҳн карда, рӯҳияи қавии шаҳвандони моро шикастан мехоҳанд. Ба ҳама маълум аст, ки ин гурӯҳ бо сардории душмани ашаддии халқи тоҷик, Кабирии манҳус амалҳои зишти худро дар хориҷ аз кишвар, таҳти дастгирии хоҷагонашон роҳандозӣ менамоянд.

Онҳо дур аз хонаву дари хеш, худро ғамхори миллати тоҷик нишон дода, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ба таври густурда макони хеш баҳри дасисабозӣ ва дурӯғпароканӣ истифода мебаранд. Аммо аз ҳама аламовараш он аст, гурӯҳи эҷодии Радиои «Озодӣ» дидаву дониста, дар чунин рӯзҳои вазнин иғвоангезӣ менамояд. Чанд рӯзи пеш, яке аз кормандони он тариқи тамоси видеоӣ миёни яке аз мухолифин Собир Валиев ва душмани азалии мо Муҳиддин Кабирӣ мусоҳибаеро нашр кард. Дар он дида мешавад, ки Кабирии хоин фазои ороми кишвари моро ба чолиш кашида, нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон тӯҳмату бӯҳтон мезанад. Аз сӯи дигар, Собир Валиев пофишорӣ намуда, ба гуфтаҳои Кабирии аблаҳ дода намешавад. Худи Собир пештар худро мухолифи давлат ҳисобида, бо роҳнамоӣ ва роҳбаладии аъзои ТТЭ ҲНИ бо онҳо пайваст. Вале ӯ дарк намуд, ҳаммаслакони Кабирӣ нисбат ба халқи мо раҳму шафқате надоранд ва ба Ватани азизи хеш баргашт.

Аммо аз ҳама ҷиҳати бадаш он аст, Радиои «Озодӣ» ба ин шароит фароҳам овард. Ин амали онҳо, бахусус дар чунин айёми нохуш, на ба чаҳорчубаи инсонгарӣ муносиб асту на ба этикаи ҷурналистикаи касбӣ. Ин амалкарди онҳо, масли халқии “Болои сӯхта намакобро” ба ёд меорад.

Лекин мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳангӣ тоҷик сарҷамъона ва қотеъона, дар баробари Ҳукумату Давлат, зидди ин душмани ноаён, яъне коронавирус мубориза мебаранд. Ва Худо хоҳад, бо шарофати айёми саиди Фитр ин ваборо ғолиб меоянд.

Бо вуҷуди ин мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳушёриву зиракии ҳам сиёсӣ ва иҷтимоиамонро аз даст надода, муваофиқи таъиноти духтурон дар як сангар, яъне мубориза зидди вирус ва мутаносибан бо ақлу заковати хеш дар дигар сангар, яъне муборизаи беамон бар зидди нотавонбинон ва хоинони миллат қарор доранд.

Орзумандем дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҳамаи ин мушкилот ғолиб меоем.

Изҳороти кафедараи тарҷума
ва грамматикаи забони англисии ДДХ
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh