БЕ ГУРДА КАСАМ, АГАР КИ МАСТЧОҲАМ НЕСТ...

Муште ба даҳони бефаровези М. Садриддин

Дастпарвари ТЭТ ҲНИТ М. Садриддин – хоинбачаи ватангадову ватанбезор боз бо нашри матлаби муғризонаву душманононаи худ бо номи “Масчоҳба мурам” аз номи мардуми шарифи ноҳия суистифода карда, бо дуруғҳои бешумораш иддао намудааст, сокинони заҳматқарини ин ноҳия аз ҷашни Ваҳдат безоранд ва ҳозир ҳастанд, ки даст ба тазоҳуроту митинг ва гирдиҳамоӣ зананд. Гӯё дар ин ноҳия, махсусан дар ҳудуди хоҷагии “Сомониён”-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ гирифторони бемории коронаврус зиёд шудааст.

Беморхонаҳо беморонро қабул намекунанд. Барои бунёди иншоотҳо ҳамарӯза аз соҳибкорон маҷбуран маблағ ситонида мешавад. Ва ба монанди ин чандин дурӯғу газофи дигар, ки хоси табиати каждумонаву аҳримансиришти Муҳаммадиқболи Садриддин аст. Ин дурӯғу газоф ва бадгӯию тӯҳмат дар ҳаққи Ватану миллат, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ, ки як пораи кишвари азизамон – Тоҷикистон мебошад ва мардуми шарифи он бори дигар шаҳодати равшани душмании ошкоро ва ватанбезории М. Садриддинро ба намоиш мегузорад. Аз ин ҷиҳат матлаби “Масчоба мурам” дурӯғномаву газофномаи ошкорост, ки баёнгари сурату сирати душманонаи М. Садриддин аст. Нахустин дуруғи ин навишта ҷумлаи аввали он аст, ки чунин ифода гардидааст: “Вазъияти беҳдоштӣ дар ноҳияи Масчо хуб нест”. Ин ҷумла ягон асоси воқеӣ надорад. Чунки вазъияти беҳдоштӣ дар ноҳия хуб аст. Роҳбарияти ноҳия дар партави дастгирию пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, алалхусус Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Азиззода барои ҳифзи саломатии мардум, махсусан дар шароити пандемияи бемории коронавирус тамоми тадбирҳои инконпазирро амалӣ карда истодаанд. Маҳз, натиҷаи андешидани чораҳо дар ин самт буд, ки дар ҳудуди ноҳия беморхонаҳои минтақавии Ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор бо маблағи наздик 2 млн. сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Дар натиҷа барои табобати ҳамаи намуди беморӣ дар ноҳия шароиту имкониятҳо мавҷуд аст. Бинобар ин, беморхонаҳо аз қабули беморон даст накашидаанд. Дар ноҳия мунтазам ба ашхоси ниёзманд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Авҷи баланди дурӯғҳои бешармонаи М. Садриддин дар он зоҳир мешавад, ки вай газофҳои худро бо зикри “як духтури шиносам гуфт”, “як соҳибкор, ки рафиқам ҳаст гуфт”, оварда, росту дуруст ҷилва доданӣ мешавад, ки хилофи воқеият аст. Гузашта аз ин, дар ноҳияи Мастчоҳ ягон нафар хонумдухтури 30-солаи дар Корея таҳсил намуда нест, ки боз аз бемории коронавирус фавтида бошад!!! Дар ҷавоб ба ин ва даҳҳо дурӯғҳои бешармонаву бешарафонаи М. Садриддин ҳаминро зикр менамоем, ки мардуми Мастчоҳ ҳамеша якрӯву яксӯ ва якҷиҳату мардона Ватанро дӯст медоранд. Ба Пешвои муаззами худ ифтихор менамоянд. Борҳо садоқату самимияти худро ба Ватану миллат, Пешвои наҷотбахши худ, Ҳукумати мамлакат собит кардаанд. Зикри танҳо ҳамин як нуқта, яъне ҳодисаҳои 4-ум ва 9-уми ноябри соли 1998, замони ҳуҷуми хоинонаи полковники ватанфурӯш Маҳмуд Худойбедиев кофист, ки чӣ гуна мардум, махсусан ҷавонмардони мастчоҳӣ дар роҳи дифои хоки муқаддаси Ватан ва сохтори конститутсионии демокративу дунявӣ ва ягонаву ҳуқуқбунёди Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон доданд.

Шоири номовари тоҷик Камол Насрулло шеъре дорад, ки бо мисраъҳои “Эй миҳани ман, миҳани ман, миҳани ман, Ҳар узви замини туст, узви тани ман”, ки ҳар як минтақаи мамлакатро вобаста ба хислату рафтор, ҳиммату ҷасорат ва ғайрату саҳми бузурги мардумонаш ба як узви муҳими инсон ташбеҳ менамояд. Масалан, ин шоири ватандӯст, як шонаи худро Зарафшон, шонаи дигарашро Бадахшон, як синаашро Кӯлоб, синаи дигарашро Ҳисори шодоб, як бозуашро Рашту Файзобод ва бозӯи дигарашро Фалғар гуфта, чунин ифтихор менамояд:

Эй миҳани ман, миҳани ман, миҳани ман,

Ҳар узви замини туст узви тани ман.

Як шонаи ман агар Зарафшон бошад,

Як шонаи дигарам Бадахшон бошад.

Як синаи ман агар ки Кулоби ман аст,

Як синаи ман Ҳисори шодоби ман аст.

Як бозуи ман ба Рашту Файзобод аст,

Як бозуи ман ба Фалғарат афтодаст.

Эй миҳани ман, миҳани ман, миҳани ман,

Ҳар узви замини туст узви тани ман.

Аз Ҳойиту Ғарм то Хуҷандат, миҳан,

Рохест, ки аз дида бувад то дили ман.

Аз Исфараву зи Ашту Захматобод,

То Регару Вахшу Панчу то мулки Қубод...

Дарвозаи чашми ман бувад Варзобат,

Ашки ғаму шодмонии ман обат.

Исму насаби ягонаам номи ту аст,

Рӯям ҳама руйи Конибодоми ту аст.

Бе гурда касам, агар ки Масчоҳам нест,

Ҷуз роҳи камоли ту ба дил роҳам нест.

Дар пайкари гарми ту Душанбе чон аст,

Хоки туву чисми ман, Ватан, яксон аст.

Эй миҳани ман, миҳани ман, миҳани ман,

Ҳар узви замини туст узви тани ман...

Тавре, ки аз ин мисраъҳои барҷаста аён мегардад, шоир Камол Насрулло Мастчоҳро “гурдаи Ватан” меномад ва мегӯяд, ки: “Бе гурда касам, агар ки Мастчоҳам нест, Ҷуз роҳи камоли ту ба дил роҳам нест”. Воқеан, агар Тоҷикистон шабеҳи як пайкари бузурги инсонӣ бошад, Мастчоҳ гурдаи он ва мастчоҳиён гурдони далери ин сарзамин ҳастанд. Гурдони далер ҳамеша ба Ватани худ, ба Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат содиқанд. Гурдони Ватан – мастчоҳиёни боғуруру сарбаланд барои ҳифзи дастовардҳои Истииқлолият ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Дар пайи ободии зодгоҳ ва Ватани худ ҳастанд. Дар роҳи таҳкими Ваҳдату ҳамбастагӣ сидқан саъю талош меварзанд. Ба Пешвои худ ифтихор доранд ва қадри заҳматҳои нотакрору таърихофарини ин марди бузургро медонанд. Аз ватангадову хоинони миллат – пайравони ТЭТ ҲНИТ, дар мисоли яке аз онҳо М. Садриддин безоранд. Чунки хоинон ҳаргиз бахшида намешаванд.

Ризо АНВАРӢ,

омӯзгор аз ноҳияи Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh