Рустам Юлдошев: Ваҳдати миллӣ осон ба даст наомадааст!

Номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рустам Юлдошев аз зумраи олимонест, ки заҳри гирудорҳои солҳои аввали соҳибистиқлолиро чашида, азобҳои рӯҳии он давраро паси сар кардааст. То расидан ба рӯзи мурод – ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурдааст. Баъдан дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ” корҳои тадқиқотӣ бурда, маводҳои зиёдаш доир ба ин мавзӯъ чоп шудаанд. Дар арафаи ид бо олим вохӯрда, чанд фикру мулоҳизаи ӯро дар бобати роҳи душвори расидан ба Ваҳдати миллӣ пурсон шудем.

-Устод, вақте ибораи “Ваҳдати миллӣ”-ро ба забон мегиред, пеши назаратон чӣ падидор мешавад?

-Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз худ бисёр оқибатҳои ногувор ба мерос гузоштааст, ба амал омад. Истиқлолияти давлатӣ агар ба аксари давлатҳои ҷамоҳири шӯравӣ бо дигар кардани сохти давлатдорӣ насиб карда бошад, Тоҷикистони азизи мо бо паси сар кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ин рӯзҳо расидааст. Вазнин аст ба забон овардану тасаввур кардан, ки дар ин ҷанги бародаркуш 157 ҳазор нафар сокини мамлакат қурбон, 58 ҳазор ятиму 1 миллион нафар ба кишвари ҳамҷавори Афғонистон гурезагони иҷборӣ шуданд. 142 ҳазор иншоот талаву тороҷ ва 38 ҳазор ҳавлии мардум ба коми оташ рафт. 25 ҳазор оила бе падар монда, зарари умумӣ аз ин ҷанги бемаънӣ ба 10 миллиард доллари амрикоӣ расид. Даҳҳо ҳазор соҳибтахассус Тоҷикистонро тарк карданд. Ман ин ҳамаро барои насли имрӯз ёдрас карда истодаам. Бигзор, онҳо донанд, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ ва ҳаёти осоишта осон ба даст наомадааст.

- Ба ин ҳама бесомониҳо...

- Бале, маҳз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ин ҳама бесомониҳо нуқта гузошт. Яъне, санаи 27 - уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо миёнравии давлатҳои абарқудрат ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар дили мардуми мо аз нав шуълаи умеду орзуҳоро ба ояндаи нек фурӯзон сохт. Метавон гуфт, ки ин санаи муборак оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ва, албатта, саҳми Пешвои муаззами халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид басо назаррас аст. Халқ беҳуда ба он кас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат унвон надодааст.

- Яъне, навбати машғул шудан ба обод-кориҳо расид?

- Пас аз нисбатан ором шудани вазъ дар кишвар бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат сохтмон ва азнавбарқарорсозии роҳҳои байналмилаливу дохилӣ ва бунёди нақбҳо ба роҳ монда шуд. Сохтмони нақбҳои “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Шар - шар”, “Чормағзак”, ободонии роҳҳои мошингарди “Душанбе – Хоруғ – Мурғоб”, “Душанбе – Рашт – Саритош”, шоҳроҳи “Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ”, “Қулма – Қароқурум”, роҳи оҳани “Қӯрғонтеппа – Кӯлоб” аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гардиданд. Аз ин пас имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат тамоми фаслҳои сол имконпазир гардида, вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад. Хеле хуб аст, ки дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Боиси хурсандист, ки соҳибкорони маҳаллӣ низ дар бунёди роҳҳо саҳми муносиби худро ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ гузошта истодаанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид шуданд.

- Истиқлолияти давлатиро бе истиқлолияти энергетикӣ тасаввур кардан амри маҳол аст. Ҳамту не?

- Бале, бунёду таъмири неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи “Ҷануб – Шимол”, “Лолазор – Хатлон”, “Лолазор – Сангтӯда-1” ва дигар як қатор неругоҳҳои хурд ба истифода дода шуданд. Хусусан, ба кор даромадани хатти 500 - киловаттаи “Ҷануб – Шимол” ва дар пойгоҳи асосии он насби трансформатори дуюм ин ғамхории бузурги Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Дар соҳаи энергетикии кишвари мо баъдан гардиши куллӣ ба миён омад. Баъди ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” истеҳсоли неруи барқ аз 17,2 миллиард киловатт – соат ба 22,6 миллиард киловатт – соат расид, ки ин на танҳо ҷиҳати таъмини мардум бо неруи барқ, балқи имконияти бунёди корхонаҳои нави саноатиро фароҳам овард. Ҳоло сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун”, хатти баландшиддати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – “КАСА-1000”, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум”, “Сарбанд” ва дигар неругоҳҳои барқи обии дорои иқтидори миёна дар минтақаҳои гуногуни кишвар бомаром идома доранд.

- Мехостем, фикру мулоҳизаи Шуморо дар бобати ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат бифаҳмем?

- Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар заминаи асосии шукуфоии рӯзгори мардуми мост. Татбиқи амалии ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, рушди давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб муҷиби дар оянда аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба саноатӣ – аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мегардад.

- Тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сазовор истиқбол гирифта шавад...

- 30 сол албатта, чандон муддати дароз нест, аммо тайи ин солҳо он гуна воқеаву рӯйдодҳо ба амал омаданд, ки назирашро таърих намедонад. Анъанаи хубе дар даврони соҳиб-истиқлолӣ рӯи кор омадааст, ки ба муносибати санаҳои фархунда иншооти ҳаётан муҳим дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода мешаванд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди беш аз 21 ҳазор иншоот, аз ҷумла 1050 муассисаи нави томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 560 беморхона ва марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа, ба беҳтар шудани шароити некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат хоҳанд кард.

- Акнун чанд сухан дар бораи рушди иқтисодиёти кишвар мегуфтед?

- Ба болоравии иқтисоди миллӣ баробари афзун намудани истеҳсолот, ҳамзамон татбиқи барномаҳои қабулгардида низ мусоидат мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 80 барномаи соҳавӣ қабул гардид. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ тайи солҳои охир ба соҳаҳои иқтисодии кишвар 57,3 миллиард сомонӣ ёрӣ расонида шудааст. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 диққати асосӣ ба консепсияи рушди зеҳнии инсон дода шудааст.

- Ба рушди иқтисодиёти мамлакат боз кадом омилҳо мусоидат кардаанд?

- Дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб се баробар (аз 10 миллиард то ба 27,5 миллиард сомонӣ) зиёд шудааст. Соҳаи муҳимтарини мамлакат – кишоварзӣ низ устувор гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мардум 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ дода шуд. Сокинон дар заминҳои наздиҳавлигӣ киштукори маводи ниёзи аввалро ба роҳ монданд, ки ин ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар мусоидат кард. 190 ҳазор гектар заминҳои корам ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд, ки ин ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мусоидат кард. Ин пешрафти соҳа, албатта, бо шарофати дастгириву пуштибонии Ҳукумати мамлакат аст, ки дар панҷ соли охир беш аз 10 ҳазор техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 миллион сомонӣ харидорӣ, инчунин дар ҳаҷми беш аз 200 миллион сомонӣ имтиёзҳо ҷудо карда шуданд.

- Солҳои 2019 - 2021 бо ибтикори Пешвои муаззами миллат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст. Андешаи Шуморо бобати ин иқдом фаҳмиданӣ будем.

- Ташаббуси басо созандаву шоиста. Чаро? Барои он ки Тоҷикистони мо табиати басо зебову назаррабо дорад. Мардуми хориҷиро ҳамин кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаккашида ва табиати афсункор ба худ мекашад. Бо тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо метавонем, маблағҳои зиёдеро ба хазинаи мамлакат ворид созем. Боиси тазаккур аст, ки ташрифи сайёҳони хориҷӣ ҳамасола ба ҷумҳурии мо меафзояд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, соли 2019 зиёда аз 1 миллион нафар сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин рақам нисбат ба соли 2018-ум 20 фоиз зиёд аст.

- Ва хулосаи суҳбати мо...

- Ин ҳама пешрафту ҳаёти шукуфон, албатта, ба шарофати ваҳдати миллӣ аст, ки ин ҳамдигарфаҳмӣ тавре дар боло зикр кардам, осон ба даст наомадааст. Онро бояд қадр кунем ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Суҳбаторо

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh