РУШДИ БОСУБОТ АЗ ВАҲДАТ АСТ!

Ваҳдат чун рукни басо муҳими сиёсати давлатӣ шинохта шудааст. Аз ин рӯ, бояд дар муҳтавои маводи таълим ваҳдати миллӣ мавқеи устувор пайдо намояд. Ваҳдат дар саҳнаи ташаккули ормонҳои миллӣ ва давлатдорӣ нақши асосиро мебозад. Ваҳдат беҳтарин василаест барои баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ. Халқи куҳанфарҳанги тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат буданд ва хоҳанд монд. Шукронаи даврони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, ки дар Тоҷикистон сулҳу ободӣ пойдору мамлакат шукуфон аст.

Чунин дастовардҳои рӯзафзунро дар даврони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ мушиҳида намудан мумкин аст. Бино ба гуфти мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр Султон, дар ноҳия корҳои бунёдкориву созандагӣ, чароғонкунию мумфаршкунӣ, азнавсозӣ ва кабудизоркунӣ бо маром идома доранд. Дар давоми ду соли охир дар ҳудуди ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кӯчаву маҳаллаҳо мунтазам мумфарш ва чароғон гардиданд. Ҳамчунин, кушодашавии толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша ва сокинони маҳаллаву деҳаҳо дида мешавад. Бисту се сол инҷониб дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу сафо ҳукм меронад, хуршеди оламоро сарзамини тоҷикони ваҳдатсарову сулҳофарро нурборон мекунад.

Боиси зикр аст, ки дар давоми солҳои 2018-2019 дар ноҳия якчанд коргоҳу корхонаҳо ва кӯдакистону мактаб таъсис ёфта, таъмини шуғли пурмаҳсул тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуд.

Дастовардҳои мардуми кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ, алалхусус, баъди таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва Ваҳдати миллӣ хеле назаррас буда, дар ин солҳои Истиқлолият халқи заҳматкаши тоҷик, аз ҷумла мардуми ноҳия ба хотири ободиву пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва сарзамини биҳиштосои хеш талош ва ғайрати дучанд зоҳир менамоянд. Ба хотири таҳкиму тақвияти истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзишҳои нодири миллӣ тамоми мардуми баору номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллат саъю талош доранд.

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бошандагони ноҳияи овозадори Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳи хоса доранд, ки аз ҳар мулоқоти судманду суҳбатҳои самимиашон, ки дар сафарҳои кориашон ба вуқӯъ мепайванданд эҳсос мешавад.

Боиси хушнудист, ки ҳар сол ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия сурат мегирад, ки ин сарбаландии ҳар мардуми ноҳия аст. Ҳамчунин, қомат афрохтани Нишони давлатӣ бо баландии 24 метр ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 50 метр нишони возеҳи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, дар замири насли имрӯзу оянда ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор месозад.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh