Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Мутобиқи моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Азимӣ Заъфар Исмоил бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш», мутобиқи моддаи 15-уми Қонуни мазкур пешниҳод «Дар бораи аз вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоб озод намудани Аҳмадзода Файзалӣ, Салимзода Собир ва Давроншоҳиён Рамеш» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар асоси моддаҳои 13-ум ва 14-уми Қонуни мазкур пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аҳмадзода Файзалӣ», «Дар бораи ба вазифаи сараудиторони Палатаи ҳисоб таъин намудани Раҳмонзода Зафар, Файзуллозода Холназар ва Ҳасанзода Аслиддин» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии манзур карда шуд.

Add comment


Security code
Refresh