ЗАБОН БА БАД НАСПАРЕМ
- Details
- Published on Thursday, 20 March 2025 15:10
Тариқи сомонаи интернетии фейсбук паҳн гардидани навиштаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин, ки «Масчоба мурам» унвон дорад, ба гумонам ҳар нафари худогоҳи миллатро бетараф гузошта наметавонад. Зеро аз хориҷи кишвар истода садо баланд кардани нафаре, ки дур аз Ватан қарор дошта, бар хилофи меҳану миллати худ сухан мегӯяд, ноҳурматӣ ба Ватан аст.
Мо бояд донаем, ки мафҳумҳои миллат, Ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ, Ваҳдату Истиқлолият арзишҳои олии миллати мо мебошанд. Ва ҳамагонро лозим аст, ки ба ин арзишҳо эҳтиром гузоранд. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии аҳли кишвар, бахусус, ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст.
Мардуми мамлакат ва махсусан ҷавонон ояндаи миллат ва кишвари азизамон Тоҷикистонанд, аз ин рӯ, бояд афкору андешаи солим дошта бошанду дар азхуд кардани илму дониш бикӯшанд ва нерӯи худро баҳри рушду нумӯи меҳани худ масраф намоянд.
Хушбахтона, имрӯз дар кишварамон тинҷиву осудагӣ ва сулҳу субот ҳукмфармо буда, дастовардҳои мамлакат барои кулли мардум аз ҷонашон ҳам азизтар аст.
Агар тоифае аз мардум дар мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин воқеан миллатдӯсту ватанпарвар мебуданд, бо назардошти риояи маърифати баланди гузаштагонамон дар як кишвари бегона истода, боз забон ба бадномкунии ҳамватанони хеш намекушоданд.
Бешак, онҳо боз нияти пиёда кардани нақшаҳои навбатии худро доранд, ки ин нақшаҳояшон, ки дар ҳамкорӣ бо душманони хориҷии миллату мамлакатамон тарҳрезӣ шудаанд, ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахтӣ чизе намеоваранд.
Шоира Салимова,
Ҳақиқати Суғд