Думбардории ташкилоти ифротиву иғовагару бӯҳтонсоз
- Details
- Published on Thursday, 20 March 2025 15:09
Дирӯз тариқи яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ навиштаҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро мутолиа намуда, басо дар шигифт шудам. Пеш аз ҳама аз номи мардуми меҳанпарвару меҳнатқарини ноҳияи Мастчоҳ овардани суханҳояш нафрати маро боло бурд. Ҳамагон огаҳем, ки сокинони сарбаланди ноҳия қарнҳои қарн бо ҳисси матонату мардонагӣ, заҳматкашиву меҳнатдӯстии хеш доимо дар сафи аввали майдони корзору ободиву созандагии диёр буданду ҳастанд. Бо тақозои касби хеш соле чанд маротиба озими ноҳия гаштаву ҳар навбат рӯз аз рӯз аз ободониву бунёдшавии иншооту мавзеъҳои мухталифи он меболам. Дар суҳбатҳо бо мардуми оддиву пирони рӯзгордида, роҳбарону масъулини сохторҳои мухталиф бо як овоз бо чашми сар медидам, ки хурду бузурги ноҳия аз пешрафту рушди соҳоти гуногун бо болидагиву изҳори қаноатмандӣ ҳарф мезананду ифтихору шукрона аз даврони осоиштагӣ менамоянд.
М.Садриддин дар навиштаҳояш дар бобати масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, сироятёбии бемории коронавирус, маблағи барқу андоз, кушодашавии як иншоот басо муҷмалу бе овардани далел бӯҳтонҳое овардааст, ки гумон мекунам, аксари он асоси воқеӣ надоранд.
Агар дар бобати масъалаи сироятёбӣ аз бемории коронавирус гирем, ҳамагон огаҳанд, ки беш аз 6 моҳ аст, ки ин беморӣ тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтаву басо оқибатҳои нохушро рӯй овард. Охири моҳҳои апрелу май ин беморӣ дар кишвари мо низ доман паҳн кард. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз рӯзҳои оғози пандемия таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти вилоят табибону масъулини соҳаи тандурустӣ бо эҳсоси масъулияти баланди касбӣ барои ташхис ва табобат малакаву маҳорати хешро нишон доданд. Албатта, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, пайомадҳои фоҷиабор низ буданд, вале ин офатест, ки ҷойи гурез нест ва инро касе намехосту дар хоби даҳшатовар низ надида буд. Дар он рӯзҳо бо ташаббус ва дастгирии саривақтии Пешвои муаззами миллат бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории нави коронавирус «COVID-19» гирифтор шудаанд, кӯмакҳои моддӣ иборат аз 140 мошини пурбор ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастрас карда шуд. Дар ин замина ба кулли кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Мастчоҳ низ кӯмакҳои яквақтаи Пешвои муаззами миллат аз қабили маводи хӯрокворӣ - равған, биринҷ, шакар, мош, нахӯд, сабзӣ, картошка, пиёз ва маҷмӯи беҳдошти тиббиву маводҳои доруворӣ дастрас шуданд, ки онро нодида гирифтан нашояд. Дар баробари ин соҳибкорони ватанӣ ва ҳамзамон ҳар як сокини кишвар бо масъулияти том ин рузҳоро паси сар карда истодаанд. Шукрона, ки алҳол таъсири ин беморӣ нисбат ба рӯзҳои аввали сар задани он камтар шудаву ҳар фард дар кардааст, ки пайомади он аз худи шахс вобаста аст.
Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки соли оянда ҷашни миллии 30 солагии худро қайд хоҳад кард, дар таърихи худ басо рӯзҳои вазину фоҷиаборро аз сар гузаронид. Мардуми ноҳия дар ин набардҳои нохалафон ва набардҳои мухталифи зиндагӣ ҳамеша бо шуҷоатмандиву садоқатмандии худ дастболо буд.
Мастчоҳиёни боғуруру сарбаланд барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Дар пайи ободии зодгоҳ ва Ватани худ ҳастанд, дар роҳи таҳкими Ваҳдату ҳамбастагӣ сидқан саъю талош меварзанд. Бо Пешвои худ ифтихор доранд ва қадри заҳматҳои нотакрору таърихофарини ин марди бузургро медонанд. Даҳсолаҳост, ки баъзе аз давлатҳои ҷаҳон, аз қабили Сурия, Ливия ва дигар аз вартаи ҷангу ҷаҳолат раҳоӣ ёфта наметавонанд. Яке аз дастовардҳои намоёни Пешвои миллат сулҳи тоҷикон аст, ки худ аз худ ба даст наомадаст.
Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Вале фаъолону пайравон, думбардорони ин ташкилоти ифротиву иғовагару бӯҳтонсоз дар хориҷа истода, ба қавле «ғарқшудаистода аз коҳу хас халосӣ меҷӯяд» дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ватанамонро дида натавониста, ҳар гуна тӯҳмату иғвоҳои ноодамӣ, ғайриинсониро дар вуҷуди худ мебинанду мегӯянд, ки носипосиву кӯрнамакии маҳз аст.
М.Ҳалимзода
«Ҳақиқати Суғд»