Филми “Хиёнат” хиёнатҳои наҳзатро ифшо кард

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро, ки рӯзҳои охир тариқи телевизиони кишвар намоиш дода шуд, тамошо кардам. Гарчанде аз таърихи хиёнаткориҳои ташкилоти экстремистӣ - террористии собиқ ҳизби наҳзати ислом огоҳ будам, бо тамошои филми мазкур бори дигар нафратам ба ин ташкилоти хунхор зиёд гардид. Дарвоқеъ, вақте аз оғози филм мушоҳида мекунем, таҳиягарони он нахуст мардуми шарифи кишварро ба шукргузориву расидан ба қадри тинҷиву осудагӣ ва Истиқлолияти миллӣ, бахусус, дар вазъияти ҳассоси ҷомеа ва, бахусус, вазъи доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус мекунанд, ки хело амри саривақтӣ ва муҳим маҳсуб меёбад.

  Дар ҳақиқат кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи пешгирии бемории сироятии коронавирус шоистаи таъкид ва зикр мебошад. Хушбахтона ин кӯшиш ва талошҳои давлату Ҳукумат дар ҷодаи солимии аҳолӣ ҳамчун боигарии давлат аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҳолати 19 июни соли равон аз шумори 5338нафарони бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3830 (71.7%) нафар шифо ёфтаанд.

Ҳамагон шоҳиди тариқи корвонҳои махсус озими шаҳру навоҳии кишвар гардидани кӯмакҳо, аз қабили маводҳои озуқаворӣ ва дорувориҳо дар шароити вазнину ҳассос гардидем, ки рӯҳияи мардуми шарифи кишварро болида гардонида, ба беморону барҷомондагон умеди шифо бахшид.

Инчунин дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар фароҳам намудани шароити мусоиди табобату солимгардонии беморони сироятии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ шаҳодати равшани гуфтаҳои болост. Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз ин иқдомҳои дурнигаронаи Пешвои баҳри мубориза бо ин вабои аст камари ҳиммат бастаанд. Ҳамарӯза мушоҳида аз он мекунем, ки ин ё он соҳибкори бонангу номус, ходими давлатию ҷамъиятӣ, пирони рӯзгордида ва дар маҷмӯъ ҳама қишри ҷомеа дар паҳлӯи табибону беморон қарор дошта, кӯмакҳои хешро мерасонанд.

Аммо чанд нафар хоинону бадхоҳони миллати тоҷик – аъзо ва пайравони ТТЭ ҳНИ ҳатто дар ин рӯзҳои вазнину душвор, ба ҷои дар паҳлӯи ҳамватанон қарор гирифтану аз аъмоли разилонаашон даст кашидан баҳри заҳролуд гардондани мафкураи мардум кӯшиш карда истодаанд.

Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, нақл аз забони шоҳидони ҳол сурат гирифта, бори дигар собит сохт, ки наҳзат дар кадом шакле набошад, хоҳ паймон, хоҳ анҷуман ва хоҳ ҳизби сиёсӣ, ҳадафаш нооромӣ байни мардуми тоҷик аст. Маҳмадалӣ Раҳматуллоев - додарарӯси Муҳиддин Кабирӣ, ки оид ба муфтхуриву таҳти супориши хоҷагони хориҷӣ амал намудани Кабирӣ сухан меронад, ба ӯ лаънат хонд.

Ҳикматулло Сайфов собиқ ронандаи Кабирӣ низ оид ба хиёнатҳои ӯ нақл намуда, ба чунин ноҷавонмардон лаънат хонд.

Инчунин писараммаи Кабирӣ Ҷамшед Назруллоев аз Қасамдараи Ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Файзобод оид ба амалҳои разилонаву тиҷорати Кабирӣ ва нақшаву ниятҳои ӯ бобати нотинҷ кардани Тоҷикистон ибрози назар намуд ва зикр кард, ки беморхонаи сироятиро харидорӣ карда, қисм-қисм карда фурӯхтааст, ки чунин кирдори разилонаи ӯ нобахшиданист.

Ҳабибулло Мирзошарифов ва дигар сокинони ноҳияи Файзобод Кабириро қасамзада унвон дода, зикр доштанд, ки дар асл Кабирӣ ватанфурӯш ва гумроҳ аст.

Нигора Шарифова – собиқ аъзои ҳизби наҳзат низ оид ба аъзокунии пасипардагии Кабирӣ изҳори назар намуда, зикр дошт, ки аксари мардум аз аъзогӣ ба наҳзат хабар надоштанд ва ба ҷуз аз оилаи Кабировҳо касе ҳуҷҷати ҳизбӣ надошт.

Саидшоҳ Раҷабов собит намуд, ки Кабирӣ сармояи бедардимиёни хоҷагонашро аз ширкат дар ҷанозаи модар боло гузошта, ҳатто дар ҷанозаи падараш ширкат накардааст. Ҳол он, ки мувофиқи аҳкоми дини мубини ислом, ки Кабирӣ худро ҳомии ин дини пок унвон медиҳад, яке аз вазифаҳо ва қарзи фарзандӣ барои инсон ширкат дар ҷанозаи падару модар аст.

Хулоса, филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки оид ба хиёнатҳои ин нотавонбинон ва душманони миллат қисса мекунад, мардуми шарифи Тоҷикистон ва бахусус, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба хоинони миллат бовар накарда, баҳри ободониву суботи кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст, бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат кардааст, бахшида нахоҳад шуд.

Муҳаммадюсуф ҚОЗИЕВ,
имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи
Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh