Аҳдномаи муттаҳидкунандаи миллат

Дар таърихномаи ҳар як миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандонаи ба нафъи халқу Ватан равоншуда башорат медиҳад ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии халқи тоҷик ин ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ мебошад, ки мо дар арафаи таҷлили ин санаи муҳим қарор дорем. Мухбирамон бо доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев ҳамсуҳбат шуда, бобати қадру қимати ин санади муҳим суол кард.

- Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале ногузире буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудӣ раҳо намудани давлатдории он нақши муҳим бозид. Лозим ба ёдоварист, ки табақаҳои гуногуни аҳолӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти сохторҳои давлатӣ баҳри татбиқи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ кӯшишҳои арзанда ба харҷ додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 21 - уми феврали соли 1996 ҳангоми суханронӣ дар назди роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъкид карданд, ки муттаҳид шудани ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон беҳтарин василаи ваҳдату ягонагии кишвар мебошад. Бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз ҷумлаи шахсони соҳибэҳтирому варзида, мушовирони Президенти ҷумҳурӣ, бархе аз роҳбарони иттиҳодияҳои миллӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва дар давоми даҳ рӯз лоиҳаи Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва низомномаи фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ такмилу таҳрир ва аз назари ҳуқуқшиносон гузарондида шуд. Баъд нусхаи ба тозагӣ таҳияшударо ба Президент пешниҳод намудем. Ва рӯзи пурҳаяҷону хотирмону таърихӣ фаро расид. Боиси зикр аст, ки санаи 1 - уми марти соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии миллӣ, иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ ва созмонҳои динӣ ба фаъолияти онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишвар баҳои сазовор дода, иброз доштанд: «Президент танҳо ба аҳли ҷамъият такя хоҳад кард. Санаи 9-уми марти соли 1996 роҳбарони қариб 30 ташкилоти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро имзо карданд. Бо мақсади татбиқ намудани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон дар назди ҳукумати вилояти Ленинобод Шӯрои ҳамраъии мардумӣ бо тарзи ихтиёрӣ аз ҳисоби намояндагони вилоят, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ҳаракатҳои оммавӣ, ташкилоти ветеранӣ, занон ва ҷавонон, иттиҳодияҳои миллӣ, ташкилоти динӣ, ки дар вилоят бо таври қонунӣ амал менамуданд созмон дода шуд.

Вазифаҳои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо; амалӣ намудани хулосаҳои экспертӣ, таҳлили вазъияти иҷтимоию сиёсии иқтисодии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он рӯй медиҳад; таҳияи барномаҳо, консепсия ва пешниҳодоте, ки барои ноил шудан ба сулҳу ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон равона шудаанд, ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокчиёни Аҳднома ва дигар тарафҳои манфиатдор дар татбиқи Аҳдномаи ризоияти ҷомеа иборат буд.

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр марҳалаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳими моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт.

«Баъди мухолифати мусаллаҳона, ки ба таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо ҳамчун давраи бисёр фоҷиабор дохил гардид, рӯзи сулҳу оштӣ ва пирӯзии хиради миллати солори тоҷик фаро расид. Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд.

Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат аз ағбаи Қулма ба роҳ баромада, аз Хоруғу Кӯлобу Кофарниҳону Душанбе ва сипас аз Анзобу Истаравшану Хуҷанду Исфара гузашта, тамоми манотиқи Тоҷикистони моро, дилҳои пурумеди мардуми кишварро, риштаҳои гусастаро ба ҳам пайваст. Корвони Сулҳу Ваҳдатро дар ҳар макон мардум бо ризомандӣ истиқбол мекард. Ба Корвон беҳтарин сиёсатмадорон, арбобони давлат, ҳунармандон, пешқадамони истеҳсолот шомил буданд.

Корвон аз 20 шаҳру навоҳӣ гузар кард. Дар манотиқи мухталиф базмҳои дӯстию якдилӣ баргузор гардида, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ қабул гардид. Аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаҳои муҳими сиёсии кишвари соҳибистиқлол бо ҳисси масъулият фаъолона иштирок намуданд. Онҳо яке аз аввалинҳо шуда, ҷонибдории худашонро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд.

Умуман, фаъолияти мақсадноки аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба даст овардани сулҳу оромӣ дар мамлакат самараи хуб овард. Барои амалиёти минбаъдаи онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» такони нав бахшид. Бо фарорасии сулҳу субот дар кишвар Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам устувор гардид. Таърих ба мо имконият додааст, ки барои бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ хирад, қудрат ва тавонии худро истифода барем.

Бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки имзои матни нави Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва доимӣ намудани муҳлати амали он аз ҳамкории пурсамару боэътимоди байни ҳукумат ва ҳамаи нерӯҳои пешбарандаи кишвар ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳодат медиҳад. ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд барномаи амали худро аз нигоҳи таҳкими сулҳи воқеӣ, муқаддас донистани ваҳдату ягонагии миллат бори дигар таҷдиди назар намоянд, ба решакан кардани ҳамаи зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, экстремизми сиёсӣ ва динӣ мусоидат кунанд, ба воситаи барномаҳои дурбинона пешрафти мунтазами иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро таъмин созанд. Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон сол то сол самаранок гардида, баҳри амалӣ сохтани ташаккули асосҳои иттиҳоди иҷтимоиву сиёсӣ ва миллии мардуми Тоҷикистон ба хотири ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва эҷоди ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Ба хотири боз ҳам беҳтар мусоидат намудан ба ташаккули ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ шаклҳои нави ҳамкорӣ ҷустуҷӯ ва истифода карда шаванд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh