САРЧАШМАИ ШУКУФОИИ КИШВАР

Ба имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ду даҳсола сипарӣ гардид. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, хоҳем дид, ки барои пешрафту шукуфоии кишварро таъмин намудан бояд, ки дар ҳамон макон сулҳ ҳукмрон бошад. Бале, сулҳи пойдор имкон медиҳад, ки давлат ҳамеша ба пеш қадам занад. Ба сӯи дастовардҳои нек, ба сӯи пешрафту тараққиёти миллӣ ҳадафмандона биравад.

Ба ёд меоварем: солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба солҳои донишҷӯии мо рост омад. Вақеаҳои баҳманмоҳ, гирдиҳамоиҳо дар пеши назарамон сурат мегирифт. Он рӯз Душанбе як шаҳри ғамзадаеро мемонд. Дар кӯчаҳо гаштугузор озод набуд, соати комендантӣ эълон шуда буд. Дар шаҳр на танҳо шаб, балки дар рӯзи равшан низ бо ҳарос роҳ мегаштем. - Худоё, Ватанамонро аз ин бесарусомонӣ наҷот деҳ, гӯён ба Худованд илтиҷо мекардем.

Имрӯз агар ягон нафар аз ин давраи тинҷу амонӣ ва оромию осоиштагӣ шиква намоянд, бечунучаро он рӯзҳои ноамнии кишвар ба ёдам меояд. Ва мегӯям, ки имрӯз ба рӯзгори босаодат, тинҷию оромӣ, осоиштагии кишвар шукр бояд кард. Маҳз, соҳибистиқлол гардидани кишвар ва ҳам имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳаёти мардуми тоҷик дигаргунии куллӣ ворид намуд. Маҳз, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато баргузор гардиданд, натиҷа бахшиду 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид.

Бале, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ рӯз ба рӯз зиндагӣ маҷрои худро ба низом овард. Бо ибтикори Сарвари давлат заминро деҳқон соҳиб гардиду аз як замин се ҳосил гирифт, то ки хони худу ҳамсояашро бо анвои гуногуни нону сабзавотҳои хушсифат ороиш диҳад. Деҳқон боғ бунёд кард, аз меваҳои шаҳдбори он на танҳо мардуми кишвар, балки ҷумҳуриҳои дигарро низ бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин менамояд.

Маҳз, он сиёсати оқилона, дурандешона, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои муаззам боис шуд, моҷароҷӯӣ дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад. Ба туфайли сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат имрӯз Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Самараи некмаромӣ ва фазои сулҳу дӯстӣ ин аз он иборат буд, ки пеш аз ҳама Тоҷикистон аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта шуд. Аз ҳамон давр 23 сол гузашт. Тӯли 23 сол Тоҷикистон ба як мамлакати пешрафта табдил ёфт. Он дарахте, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо меҳр парварданд, ҳосили пурбор овард. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷи- кистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба арсаи байналмилалӣ баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин раванд боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим шуд, ки Бохтару Суғдро ба ҳам пайваст. Ҳамзамон, ободу зебо гардидани шаҳру навоҳии кишвар, бунёди биноҳои баландошёна, иншоотҳои бузурги аср, корхонаву муассисаҳои гуногун ҳамаи ин далели пешрафти иқтисодиёти кишвар аст. Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи кишвар бо хатҳои заррин сабт гардидаст.

Аз ин рӯ, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо инро бояд донанд ва аз он сабақ гиранд. Имрӯз моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бузург- Ваҳдати миллӣ расему баҳри пешбурди ҷомеа хизмати шоиста намоем.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh