Дурӯғгӯ шарманда хоҳад шуд!

Дар ҳошияи навиштаҳои ғаразноки "Ислоҳ.нет"

Имрӯз Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди он дар фазои сулҳу субот, оромӣ, азму иродаи устувор  бо корҳои ободониву ояндасозӣ барои сарсабзии кишвари хеш талошҳои бесобиқа доранд. Давлатдории дунявӣ интихоби мардуми сарбаланди кишвар буду ҳаст ва мемонад ва ин интихоб аз азму талош ва зиндагии босаодати мардуми кишвар ҳувайдост.

Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 28 соли Истиқлолияти давлатӣ маълум мешавад, ки воқеан ҳам   роҳи пешгирифтаи Тоҷикистони азиз кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои кишвари мо мебошад. Асосогузори сулҳу ваҳати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошанд.

Ҳамин  ҳамдииву созандагиву ободкориҳо ҳаст, ки имрӯз баъзе  нафаронеро, ки ободиву осоштагии Тоҷикистонро ба хотири манфиатҳои шахсӣ намехоҳанд, ба таҳлука овардааст. Аз ҳар барору комёбиҳои халқи ман ҷонашон ба лаб меояд ва дар талвоса пайи ҷустуҷӯи камбудиву норасоҳо мешаванд ва агар ягон далел наёфтанд боке нест, даррав ба эҷоди дуруғу буҳтону иғво оғоз мекунанд. Ростӣ, аз ин корашон шармашон намеояд? Бо ҳарфҳои беасос чӣ тавр мешавад ин қадар ҳангомаву воҳима сохт.

Айни ҳол дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  мухолифин, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин ба сафарҳои кории Сарвари давлат часпидаанд. Ростӣ нафратовар аст чунин рафтори ноҷавонмардона!  Табли шодии аёми коронавирус ба охир расид магар? Акнун ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мисли магасҳои ифлос часпидаанд. Як чиро мушоҳида кардам, онҳо хамеша ба нафароне «ҳамла» мекунанд, ки барои Ватан хидматҳои шоиста мекунанд ва бо рафторашон дар дили халқ ҷой мегиранд. Раиси вилояти Суғд шабу рӯзҳои вазнинтарин ҳамеша дар миёни халқ буд, як лаҳза ҳам аз мардум ва аз хидмат ба давлаташ дурӣ наҷуст,  тамоми вазифаҳо ва қарзи шаҳрвандиву касбии хешро бо виҷдони пок ба ҷо овард. Мисли шумоён дар хонаҳо аз вирус пинҳон шуда нанишаст. Кам буд ё зиёд, аммо дар паҳлуи халқ буд ва инро ҳар одами солимақл дарк намуд. Беҳуда худ ва дигаронро асабӣ накунед !

Ҳадафи асосии мо бо роҳи дурусту созанда ва дар сатҳи арзандаи касбӣ пеш бурдани фаъолият аст, зеро муқаддастарин, волотарин рисолати инсонӣ  ин ба ояндагон  гузоштани як давлати ободу осоишта бо дастовардҳои бузурги фарҳангию маънавист. Ва мо муваффақ хоҳем шуд!

Мадина Султонзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh