Ободиро дида натавонистан аз кӯрдилист…

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мулки мо ба бесариҳову бесомониҳо дучор гардид. Ҷанги таҳлилӣ сабаб шуд, ки аксар гурезаи ватани худ гардиданду дар макони бегона ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд. Шояд муҳлатҳои камтарин боқӣ монда буд, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон нопадид гардад. Аммо баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро «тақдирсоз» меномем, дар ҳақиқат ба қисмати халқи тоҷик дигаргуниҳои ҷиддӣ ворид сохт. Мулки ба хокистар бадалшудаистодаро ба рӯшноию сарсабзӣ баровард.

Ҳоло бошад, шояд мо сер шудаем, аз ҳар нуктае, аз ҳар шабакаҳое сару садоҳое сар мезананд, ки боиси ношукрӣ аст. Чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд бинои нави таъиноташ гуногун ба истифода дода шуд. Масалан, дар ҳамин ҷамоат Муассисаи табобатии «Ваҳдат». Он моликияти шахсӣ буда, бо саҳми соҳибкор М. Самадов ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин бинои табобатӣ, Парчами давлатӣ ва Маҷмӯаи хизматрасонӣ таҳти унвони «Гулистон»,  бо ташаббуси соҳибкор С. Раҳмонов ба кор шурӯъ кард. ҳамаи он биноҳои ба истифода додашуда барои хистеварзиён мавқею мақоми хосае дорад. Яъне, Муассисаи табобатии «Ваҳдат» дорои таҷҳизоти замонавӣ мебошад, ки он имкон медиҳад, ки сокинони яке аз деҳаҳои сераҳолии кишвар аз мулки худ берун набаромада, дар ҳамин ҷо табобат гирад. Инчунин табобатгоҳи навбунёди дигар низ ба ҳамин нигаронида шудааст.

Бунёди маҷмӯаи хизматрасонии «Гулистон» бошад, саривақтист. Тавре ёдовар шудем, деҳа аҳолии зиёд дорад. Қаблан агар бозор дар як ҳафта як маротиба сурат гирад, ҳоло ҳар рӯз фаъолият мебараду на танҳо аз ҳудуди вилоят, дар назар дорам, мардуми Истаравшан, Мастчоҳ, Хуҷанд ва дигарон, ки маҳсулоти хешро барои фурӯш мебаранд, инчунин деҳқонон ва соҳибкорони ҳамсоядавлатҳо низ молу маводи хешро ба фурӯш мебаранд ва ё аз ҳамон бозор харидорӣ менамоянд. Магар хуб нест, ки соҳибкорони аз дигар макон омада, то ба охир расидани маҳсулоташон дар ҳамон ҷо маскан гузинанд, зеро шабҳои сард ҳам ҳасту гармояш ҳам.

Аммо баъзе намояндагони расонаҳо онро ба таври худ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Аз ҷумла, маводҳои «Паём. нет» аз воқеият дурр буда. Ғараз эҳсос мешавад. Ин ободиҳо албатта бо иқдоми Президенти мамлакат амалӣ мегардад ва Тоҷикистон сол аз сол ободу зебо мешавад.

Ободию ешрафтро дида натавонистан аз кӯрдилист…   

Т. Ҷӯраева,
Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh