Isloh.net - сомонаи моҷароҷӯёна

Ҳама гуна баҳсу мунозира дар сари нуктаҳои ҳассос дар шароити ҳозира то чӣ ҳадде метавонад ба раванди бебозгашти сулҳу субот дар кишвар, андешаи солими кишвардорӣ ва фикри томравои миллӣ ва миллатсозӣ осебе мерасонад.

Аввалан, мо алҳол набояд ба ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба хараҷу мараҷ ва кашида шудани онон ба моҷарои сиёсӣ роҳ диҳем, ки ҳаргиз салоҳи кор  нест. Тоҷикистон дар зарфи чанд соли ҷангу ошӯбзадагии сиёсиву иҷтимоӣ бо мушкилоти азим ва талафоти зиёди рӯҳиву равонӣ аз ботлоқи хараҷу мараҷи сиёсӣ берун шуд, мардум хеле ба душворӣ ва дар фурсати зиёд, пас аз хастагии бас фарсудакунанда нафаси озод кашид. Дубора чӣ манфиат ва оқибат дорад, ки раванди зисти солим дар кишвар осеб пазирад, дубора халқи заҳматкаш талафоти рӯҳиву равониву ҷисмӣ диҳад, зисти бомароми худро, ки солҳо ба сад хуни ҷигар ба роҳ мондааст, гум кунад.

Сониян, чунин муносибати моҷароҷӯёна метавонад торҳо ва эҳсосоти нозуки мардумро дар роҳи майлонҳои тахрибкорӣ аз нав бедор кунад ва ба ангезиш оварад, ки ин рафтор ҳам моҳиятан аз даст додани ҷилави амну осоиш дар ҷомеа ба шумор меравад.

Саҳифаҳои сомонаи isloh.net ягон матлаб барои  пешрафти зиндагии шоистам мардуми тоҷик нашр накардааст. Аз ин бар меоял, ки тамоми нигоштаҳояш ғаразнок буда, ҳамеша мардуми оддиро бо дасисабозиҳояшон мехоҳанд гумроҳ намоянд. Вале бори каҷ ба манзил намерасад.

Ш.Олимӣ,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh