Бадгуҳар рӯсиёҳу ноодамаст!

Алҳол тариқи сомонаҳои интернетӣ бархе аз ашхоси ифротгарову худобехабар, ба мисли  Муҳаммадиқболи Садриддин нисбати  роҳбарони ҷумҳуриву вилоят буҳтону туҳмат намуда, мехоҳанд мардумро бо ин раҳгум зананд.  Чанд вақт инҷониб бобати сафарҳои кории Сарвари давлат дар майнаи тиҳиаш чӣ ҳарфе ояд, рӯи чоп овардаву бо даъвои беасос лофзани дорад.

Худ чун гуфтаҳояшро аз шабакаи иҷтимоии «Youtube» шунидам, дар ҳайрат шудам, ки чигуна метавон шахс беғуруру бевиҷдон бошад, ки аз номи мардуми оддӣ инқадар ободониву созандагӣ ва дастовардҳои соҳоти мухталифро нодида  гирифта, бе ҳеҷ арқоми мушаххас ба роҳбарияти кишвар ва  вилоят сангандозӣ мекунад. Беасос будани фикрашро аз он фаҳмидан мумкин аст, ки дар гуфтаҳояш танҳо ибораи «аз рӯи шунидам…» ва ё «аз рӯи гуфтаи баъзеҳо …» меоварад. Оё ин боис шуда метавонад, ки дар ҳаққи як  фарде  тавассути гуфтаҳои дигарон хулосабарорӣ  ва дар ин радиф  дасисабозӣ намояд?!

Хусусан, онҳое, ки шоҳиди бевоситаи дасисаҳои сиёсӣ ва кинаю қасоси мансабталошу манфиатҷӯён, қавму қабоили мазҳабгаро буданду дар моварои бархӯрдҳои хунини ҷонибҳои ба ҳам мухолиф қарор доштанд, бо дарки арзиши Оштии миллӣ барои имрӯзи осоишта ин рӯзро ниҳоят гиромӣ дошта, хизматҳои Пешвои миллатро арзанда медоранд. ҳар як хонаводаи миллати тоҷик баръало навгониву ободониҳои даврони истиқлолиятро дидаву басо қадршиносӣ менамояд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ воқеан дастгиру ғамхори мардум асту ҳамеша новобаста аз вазъият дар байни халқ буд, дар лаҳзаҳои ҳассос хизмат ба халқу давлатро авлотар дониставу дар ин раванд қарзи шаҳрвандии худро бо масъулияти тому  виҷдони пок ба иҷро расонд.

Имрӯз пас аз расидан ба даврони сулҳу осоишта ва Истиқлолияти давлатӣ ношукрону нотавонбинони миллати тоҷик, носипосони кӯрнамаки давлату миллат, мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин ҳанӯз теша ба решаи худ мезананд, ба хотири маблағи ночизе ашхоси содиқи Ватанро бо ҳар баҳона ва восита дар назди мардуми дигар кишварҳо бадном сохтани шуда, ба шаъну эътибори онон рахна мезананд. Чаро ин гуна касон аз таърихи на чандон дури миллати хеш огаҳ нестанду ибрат намегиранд?

Ин сатрҳои боло, худ гувоҳи таърихи гузаштаи тоҷик буда, дар ин хусус борҳо гуфтаву дар асарҳои шоирону нависандагон нигошта шудаанд. Аз ин лиҳоз моро боз ҳам зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем ва сулҳи бо қурбониҳову ҷонбозиҳои зиёде ба даст овардаамонро чун гавҳари ноёб эмин дорем. ҳеч гоҳ роҳ надиҳем, ки ашхосе ба мисли М.Садриддин ба мақсадҳои нопоки худ расидаву боз ҳам таърихи қаблан аз саргузаронидаи халқи азиятдидаи тоҷик боз ҳам аз сар гузаронад.

О. МАВЛОНОВА,
Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh