ОБОДКОРИРО ДАР СИРИШТ ПАРВАРЕМ

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари азизи мо, Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир соҳиб гаштааст. Ваҳдати миллӣ бошад, барои мардуми мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Ваҳдату Истиқлолият  натиҷаи заҳмату талош ва ҷоннисориҳои Сарвари хирадпешаи тоҷикон аст. Барои мардум ба ёд овардани рӯзҳои гузашта аламовару ғамангез аст.

Маҳз  андешаҳои некбинона нисбат ба ояндаи кишвар доштан мардумро ба он водор сохт ва дар муддати кӯтоҳ ба он муваффақ шуд, ки пояи давлати дар вартамондаро аз нав барқарор созад.  Хушбахтона, дарозои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мамлакат хеле обод шуд, мардум имрӯз дар фазои тинҷу осуда ва ҳамдигарфаҳмию сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.  Ранҷу заҳмат, ташвишу тараддуд ва талошҳои пайгиронаи Сарвари мамлакат баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдат ҳанӯз аз минбари баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ сарчашма гирифта, то ба имрӯз давом дорад.

Маҳз, туфайли ташрифи он кас ба вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  дар кишвар даҳҳо иншооти гуногун дар соҳаҳои мухталиф сохта ба истифода дода шавад, корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба кор шуруъ намоянд, садҳо мардуми бекор бо ҷои кори доимӣ таъмин шаванд. Бобати таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, марказҳои ҳунармандӣ ва дигар коргоҳҳои хурд ҳоҷати гап ҳам нест.  Ин ҳама пешравиҳоро нодида гирифтани Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дур аз Ватан истода санг бар зодгоҳи хеш мезанад, аламовару нангин аст. Ин нафари ноогоҳ аз худ кай бори охир сафари Ватан кардаву ободиҳои кишварро бо чашми худ дидааст? Ӯ магар намедонад, ки ташрифи Сарвари давлат ба Ватани худ буда, бохабар шудан аз аҳволи мардум ва зисту зиндагонии онон аст. Магар бо  «аз рӯи шунидам…» - у «аз рӯи гуфтаҳо…» метавон фаъолияти чандинсолаи мамлакатро баҳогузорӣ кард?  Магар ба ободкорӣ расидан кори осон аст?

Биёед, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ободкор буданро дар сиришти худ, дар ниҳоди худ парварем, ба ҳар гуна туҳмату буҳтонҳои авомфиребон дода нашавем ва барои гул-гулшукуфии кишвар саҳм гузорем.

Ш.Каримӣ,
Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh