Аз ин тоифа некӣ набинӣ
- Details
- Published on Thursday, 13 February 2025 08:03
Модарбузургам ҳамеша мегуфтанд, «аз инсоне, ки ҳар ваъзияти ба амал омадаро ба манфиати худ ва барои беҳтар намудани ҳолати худ истифода мекунад, дур бишав, ки аслан аз ин тоифа некӣ набинӣ».
Имрӯз ба рафтору кирдорҳои баъзе ҳаммиллатони мо, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд ва аз ҳар ҳолат мехоҳанд барои худ манфиате ҷӯянд менигараму суханони модарбузургам дар зеҳнам чарх мезананд «аз ин тоифа некӣ набинӣ!»
Воқеан ҳам, нафароне мисли Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Иззат Амон, ки ҷон канда хешро «ғамхор»-и ватану миллат «намоиш» медиҳанд, на Ватан ва на миллати ман некие надид ва мутмаинам намебинад.
Дирӯз чанд наворҳои Иззат Амонро дар шабакаи иҷтимоӣ дидам, ки бо доду фиғон хешро ҷонфидои ватану миллат нишон додан мехоҳад. Аммо мақсад ва ҳадафи онҳо факат як аст, расидан ба мансаб!
Наход барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз вазъи ногувори як модари муштипар ҳам истифода кунӣ? Агар воқеан ғамхори миллати хеш бошанд, чаро модари ҳаммиллати хешро ба ин вазъ миёни ҷаҳониён муаррифӣ мекунӣ? Аҷаб ноҷавонмардиест дар ин ман-маниҳои мардӣ!
Ин амали зишти хоинони миллат, мардуми тоҷикро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан муттаҳид бошем. Сулҳу суботи кишвар олитарин дастоварди миллат дар ҳар давру замон аст. ҳимояи сулҳ ва осмони софу беғубори Ватан ба иттиҳод ва ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ва сарҷамъии сокинон сахт вобаста аст.
Бинобар ин мо бояд бештар аз пештар масъулият эҳсос кунем, ба тарбияи миллӣ-ватандӯстии насли наврас эътибори ҷиддитар диҳем ва ба ҳарзаҳои аҳмақона аҳамияте надиҳем.
Мадина Султонӣ,
шаҳри Хуҷанд