Иғвои “Хиёнат”

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки имрӯзҳо дар шабакаҳои марказии телевизионӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш, бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, маълумот медиҳад.

Наворҳои мазкур ба кирдорҳои разилонаи аз тарафи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ анҷомшуда бахшида мешавад. Онҳо тавассути роҳандозии ақидаҳои диниву сиёсии ҳизби мазкур, ки аз таълимоти ташкилоти дигари байналмилалии террористии «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, зидди давлату миллати хеш қиём карданд. Дар ҳамин асос,  аз байни мардуми тоҷик нафарони зиёдеро гумроҳ карданд ва онҳо ба Ватани худ хиёнат карданд.

Ин филм чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷикро аз забони шоҳидони воқеии ҳодисаҳои террористию экстремистӣ ошкор месозанд. Дар он ҳамаи он ҷиноятҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва аъзои ин ташкилоти террористӣ роҳандозӣ шуда буд, нишонрас тасвир шудааст.

Ташвиқоти ҷангҷӯёнаи сарварони ин ҳизби носолим сабаб гардид, ки садҳо ҷавонон гумроҳ шуда, «ба хотири ислом» ба сафи неруҳои хунхори ДИИШ пайвастанд ва нобуд шуданд. Роҳбарияти ҲНИ дар ҷомаи дин пинҳон шуда, аз эътимоди мардум суиистифода карданд, ҳол он ки дини ислом чунин амалро маҳкум мекунад. Наҳзатиён ба қадри давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ҳеҷ гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад. Истисмори омма, иғвоангезӣ, бегонапарастӣ мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҷинояткорони мардумозор ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба Ватану миллат ҳидоят мекунад. Манзараҳо ва муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашуда, барои ободтар шудани Ватани худ ҷаҳд кунем.

М.ШАРИФОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh