Аз бадниҳод накӯӣ тамаъ мадор!

Шинохт аз наҳзатиён дар шароити кунунӣ бисёр мушкил буд, зеро онон ҳар замон бо роҳҳои гуногун бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет бо ҳар ранг ва гунаи виҷа  ҷилва медиҳанду худро  гоҳ мазлуму азиятдида ва гоҳо ғамхору ватандӯст нишон медиҳанд, ки дар навбати аввал инсони каммаълумот ва бехабар аз асли онон зуд бар ин бовар мекунад.

Аммо ин як парда аст, фиреби ҷомеа ва мағзшӯист. Дар асл бошад зери ин “ватандӯстон”-у “мазлумон” ва “ғамхорони миллат” сиррест ниҳон ва пушти ин ибораҳо ҳақиқати талхе нуҳуфтааст, ки вақте мефаҳмед, дар ҳайрат мемонед. Ин ибораҳоро наҳзатиён, махсусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ барои он истифода  менамоянд, ки ҷомеаро фиреб диҳанд, афкори солимро аз байн баранду ғояҳои ифротии хешро дар мағз-мағзи тафаккури ҷомеа ҷо диҳанд.  Наҳзатиён махсус барои ин кор сафарбар шудаанд ва аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфте ба даст меоваранд.

Маблағҳои хоҷаҳои хориҷии наҳзатиён  барои  миллати тоҷикро гумроҳ кардан, аз асли хеш бегона намудан, равона гардидааст, ки дилхоҳ нафари огоҳ метавонад ин ҳама ҳақиқатро дар навиштаҳо, гуфторҳо ва суханрониву наворҳои наҳзатиён дарёбад, ки саропо бар алайҳи миллат омода карда шудаасту мақсаду маромашон ҳам  дасисабозиву иғвобарангезист. Ҳатто кӯчактарин масъаларо мешавад бо ин усул дарёфт, ки наҳзатиён ба хотири гумроҳ сохтани ҷомеа дурӯғҳову афсонаҳое мебофанд, ки дар ҳақиқат хоину душман буданашон ошкор мешавад. Вале худи наҳзатиён бошанд бехабар аз онанд, ки кайҳо боз ин асрори ниҳонашон фош шудааст. Мардуми кишвар дарк намуд, ки наҳзатиён  ҳама ҳолатро ба манфиати худу хоҷагонашон сӯиистифода намуда, талош мекунанд, то мардумро бо дурӯғҳои бофтаи худ фиреб диҳанд.

Дур намеравем ҳодисаи солҳои 2013 то ба ҳоли М. Кабирӣ раиси ТТЭ ҲНИ ва аз террористони фирориву душмани аслии миллат, ки бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ намуда аз Туркия истода ҷавонони кишварро гумроҳ сохтаву бо роҳҳои гуногун ба сафи ин созмони террористӣ ба Сурия мефиристод.

Зикри ин нукта ҳам лозим медонем, ки наҳзатиён аз аслу насаби хеш хиёнаткор омадаанд ва бо ҳамин роҳ мераванд ва инро метавон дар ҳама рафтору гуфтор ва ҷиноятҳои содиркардаашон бараъло мушоҳида намуд.

Наҳзатиён аз модар кӯрботин зода шудаанду чашми ҳақиқатбин надоранд.

Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ - металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh