ДӮСТ БОЯД КОРИ ДУШМАН НАКУНАД

Мардуми Ҷумхурии Исломии Эрон бо мардуми Тоҷикистон ҳамзабон буда аксари урфу одатҳои шарқиёнаи мо муштарак мебошанд,ин ду халқро бузургони илму маърифат шуароу удабо ва нобиғаҳои миллат  ба ҳам мепайвандад,чуноне, ки мо дар байни мардум зиёдтар ҳастем мушоҳида мекунем, ки мардуми Тоҷикистон мардуми Эронро дӯсту ҳамзабон мешуморанд,инчунин итминони комил дорам, ки мардуми Эрон тоҷиконро дӯст медоранд, аммо афсӯс  аз дар асл бошад, сарварони Эрон зоҳиран худро дӯст вонамуд кунанд ҳам, дар ҳақиқат бошад, амалашон ба суханашон рост намеояд.

Солҳои аввали навадуми асри гузашта вақто, ки дар Душанбе гирдиҳамоиҳо ташкил шуд ҳамаи намудҳои зоҳиран ва аз рӯи маъно инкилоби Эронро пеши назар меовард, ки ин кирдорҳо мардумро ба чи балоҳо гирифтор кард инро хама хуб дар ёд доранд.

 Имрӯз кишвари мо тинчу ором асту мардуми он бо азми қавӣ кору  зиндагонӣ карда, сарзамини худро обод мекунанд. Аммо чанд нафараи хоину ватангадо бо роҳбарии раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки дӯсти нонии эрониён мебошанд,ҳамчун хоини Ватан ва миллати тоҷик дар хориҷи кишвар фаъолияти душманона доранд ва аз ҷониби роҳбарияти ин мамлакат ҳамаҷониба   дастгирӣ меёбанд.

Ин дастгирии як гурӯҳи муайян,мумкин иштибоҳи чанд нафаре бошад, ки ин хоинонро ҳимоя мекунанду ба дустии ду халқ халал ворид мекунанд.

Бояд ин ҳомиёни хоинони миллати тоҷик донанд, ки нафаре, ки барои як бурда нон ба ватану миллати худ хиёнат кардааст, ҳеҷ вақт ба дигар миллат вафо нахоҳад кард.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
раиси Шӯрои уламои дини вилоят

Add comment


Security code
Refresh