Насли наврасро дар рӯҳи хештаншиносӣ тарбия намоем

Кулли мардуми шарифи кишварамон ва тамоми афроди аз воқеаҳои Тоҷикистони пасазистиқлолӣ огоҳ аз бедодгарию ваҳшигариҳо ва ҷинояткорию хунхориҳои душманони миллат — наҳзатиҳо, ки дар зери либоси дину мазҳаб ба амалҳои пасту зишт даст заданд, ба пуррагӣ хабардоранд.

Ҳизби мамнӯи наҳзат танҳо бо мақсади расидан ба манфиатҳои худ кишвари тоза ба истиқлолрасидаро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.

Мо шоҳиди онем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмӣ мардуми мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои иғвобарангезандаи худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифротгароӣ ҷалб намоянд. Бинобар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Абдулло КӮҶМУРОДОВ,
устоди Донишгоҳи омӯзгории
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh