Рафтори махлуқонаи Муҳиддини Кабирӣ

Мутаассифона, бархе аз ҳамватанони мо дастовардҳои назарраси зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба амал омадаро нодида гирифта, мардумро мехоҳанд ба иштибоҳ андозанд. Барои онҳо сулҳ, оштӣ, ризоят, ваҳдат чандон арзиш надоранд. Ҳадафи онҳо ноором сохтани ҷомеа ва аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон кайфу сафо карда гаштан аст. Дар сурате, ки бисёр дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ барои омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон меоянд, баъзе сиёсатбозони миллӣ ҳукумати бунёдкорамонро танқид намуда, "пешвоён"-и худро тавсиф мекунанд.

Ин ҳам зуҳуроти ҷоҳпарастӣ ва мансабталошӣ мебошад, ки ҷомеаро ба вартаи нооромӣ мекашад. Фикру андешаҳои шахсиятҳои бузурги гуногунмиллат ва гуногунмазҳаб, ки муродашон ободии кишвар ва осудагии рӯзгори халқ аст, ба ҳамдигар наздиканд. Дар ватанамон сад афсӯс нафароне вомехӯранд, ки бо панду андарзҳои ноҷои худ мардуми осоиштаро ба таҳлуқа андохта, фикру ақидаи онҳоро ба корҳои зишт мубаддал месозанд.

Онҳо зидди ҳокимияту давлат ва пешрафту тараққиёт ҳастанд ва намехоҳанд, ки давлату миллат дастаҷамъона ба пешравиҳои зиёде ноил гарданд. Яке аз чунин нафарони тундрав Муҳиддин Кабирӣ буда, имрӯз тарки ватан намудааст. Ин гуна нафарон зидди давлат буда дар талоши он ҳастанд, қонунҳоисохтаи худро қонуни асосии омма гардонанд. Чи фикру ақидаи ғаразноке дар сар парварида истодаанд. Ин шахсиятҳо бештар ҷавонони миллатро зидди давлату Ҳукумат мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки бо роҳи интиҳобкардаи онҳо роҳ раванд.

Сад афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони мо фаҳмиши кунд доранд ва ба ҷои оне, ки баҳри ободоии давлату миллати худ саҳми худро гузорад. Ин ҳама кирдору рафтори номахлуқи нафарони зидди давлату ҳукуматнабахшиданӣ буда, ҷазоисахти қонуниро талаб мекунад. Он шахсоне,ки нисбати халқи тоҷик ҳар гапҳои бардӯрӯғ, ноҷо қабеҳ ғаразҳои зиёдро тавассути шабаҳои иҷтимоӣ паҳн месозад, намехоҳанд, ки давлати тоҷикон ҳувайдо гардад. Аммо марудми тоҷик тӯли таърихи саргузаштаи худ аз чунин душманони халқи худ хуб огоҳ аст ва сахтию, талхии ҷангҳои чунин душманонро на бар чашм балки бо тан чашидааст.

Яҳъёев Ф.Н.,
сармуаллими кафедраи нақшакашии
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh