Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд!

Қариб 30 сол аст, ки  давлати Тоҷикистон  пояҳои нахустини худро ба ободиву  осоиштагӣ ва сулҳу субот гузошту қомати худро рост кард ва бо саъю талошҳо дар арсаи ҷаҳон шинохта гашт.

Чи хеле ки гуфтаанд: «Чашми бадбин кӯр аст». Таърих гувоҳ аст, ки мулке, ки обод аст, аз чашми бадхоҳону бадкинагон дур намемонад. Имрӯзҳо низ чунин аст, ки бо дасисаву фиреби «шайтонсифатон»-и бадбин, мутаассифона, баъзе нафароне ҳастанд, ки гӯшу ақли хешро дар дасти шахси дигар гузоштаанд.

Филми  «Хиёнат» боз як бори дигар собит сохт, ки он сенарияи муноқишаҳо, ки дар ватани азиз амалӣ гардид, маҳсули фикру ниятҳои муғризонаи коргардонҳои хориҷӣ аст. Хоинони Ватан аз мадади хоҷагони хориҷӣ истифода карданд. Бадиҳои Муҳиддин Кабирӣ рӯз аз рӯз зиёдтар гашта истодааст, хиёнатҳояш ошкор мегардад, мардум рӯз аз рӯз ба ӯ нафрат мекунанд. Мерасад рӯзе, ки ба ҳама бадиҳояш худаш гирифтор мегардад.

 С.МАМАДҶОНОВ,
сармуаллими Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh