Иғвоангезӣ

Дирӯз дар сомонаи  интернет  мақолаҳоеро мутолиа кардам, оид ба филми “Хиёнат” ки аз руи ғараз навишта шудаанд. Хандидам. Хандаам аз он хотир буд, ки ин зумра гумроҳон шомили  ҳар гуна гуруҳҳо буда, зери танқид озодӣ ва амнияти мардуми моро қарор додаанд.

Мо дар ин сарзамини тинҷу осуда умр ба сар мебарему аз боду ҳавои мусаффо, меваю сабзавоти табииаш лаззат мебарему душманон ҳамаи инро барои мо ночиз мешуморанд. Як бор аз гап ва насиҳатҳои ғаразноки душманони мардуми Тоҷикистон зиён дида будем. Дигар бор фирефта намешавем. Онҳое, ки дар хориҷанду зери супоришҳои хоҷагонашон кору фаъолият доранд, намедонанд, ки чи айб ёбанду миллати моро доғдор созанд. Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мефахрам аз он, ки соҳиби давлате  ҳастам, ки дар осмони софу беғубораш нафас мекашам.

Шодам аз он, ки сарзамини ман сабзу хуррам ва мардумаш серу пуранд. Дар дастархони ҳар сокини Тоҷикистонӣ тамоми неъматҳо дида мешавад. Ҳамаи ин иқболи баланд ва арзонии неъмат аст. Дигар мо барои чи гила кунему ва аз чӣ норизо бошем? Сиёсати созандаи кишвари азизи мо имрӯз ба корҳое қодир аст, ки ин дар солҳои қаблӣ муяссар нагардида буд. Аз ҷумла ба фаъолият шуруъ кардани НБО “Роғун” ин дастовард ва нангу номуси мардуми Тоҷикистон аст. Барои ҳамаи ин афзунии неъмати имрӯза мо шукр хоҳем карду ба душманони миллат ки дар ҷанги иттилоотӣ ҳастанд, гуфтанием, ки ҳаргиз ба суханҳои шумо касе розӣ намешавад ва касе ҳам пайравӣ намекунад. Аз наворҳои шумо маълум аст, ки дар баратон се чор нафар кас ҳаст, ки ҳамон ҳо ҳам боз руяшонро печонидаанд. Яъне дар хориҷи кишвар ҳам шумо метарсед аз мо, мардуми Тоҷикистон.

Б.БОБОЕВА,
сармуаллимаи Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
М. НЕЪМАТОВА,
дотсенти ДДХ

Add comment


Security code
Refresh