Ҳадафҳои нопок амалӣ намегарданд!

Филми ҳуҷҷатии Хиёнат 3 имрӯзҳо сокинони кишварро аз лаҳзаҳои дарднок ва амалҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳу шахсиятҳои заҳролудшудаи хориҷиён, таблиғгарони мазҳаби бегона, иғвоангезону нотавонбинон ошно сохт.

Ба хулосае метавон омад, бо сабаби он ки бархе сокинони мамлакат ва бахусус ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ кору фаъолият мебаранд, ин хоинон аз ин муҳити бегона истифода бурда, тафаккури насли ҷавони моро вайрон карданӣ шаванд.

Онҳо бештар ба фирефта намудани бекорон, аз маҳбас озодшудагон, ҷавонони душвортарбия, аз таълиму тарбияи волидайн ва муассисаи таълимӣ дурмонда машғуланд.

Онҳо мехоҳанд ин ҷавононро гумроҳ намуда, бо ин васила ҳадафҳои нопоки худро амалӣ кунанд. Дар филм нафаронеро нишон доданд, ки аксар ҷавононанд ва ба доми онҳо афтодаанд. Хоинони Ватан бештар бо ҷалби маблағҳои хориҷӣ ин ҷавононро ба худ ҷалб сохта, бо роҳи фиребу хабарҳои нодурустро паҳн месозанд. Оқибат албатта ин ҷавонон пушаймон мешаванд, вале, он вақт дер мешавад.

Бояд донист, ки амалҳои разилонаи ин нотавонбинони ТТЭ ҲНИ ва шабакаҳои иҷтимоии тарғиботии онҳо  дер нахоҳад рафт, зеро аз ҳадафҳои нопоки онон аллакай сокинони кишвар огоҳ шудаанд.  

Бобоҷони Хайриддин,
ҷомеашинос, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh