Хиёнат бахшида намешавад

Дар оғози солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бесарусомониҳо ба сари мардуми тоҷик рӯзҳои душвор омад, ки сабабгори асосии он мансабталошиву мардумфиребиҳои ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони бурунмарзии онҳо мебошад.

Бо талошҳои пайваста ва заковати халқи тоҷик оташи ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон хомӯш карда шуда, ба мақсади рушди устувори мамлакат наслҳои имрӯзу фардои кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Аммо мутаассифона хоинони миллат,  ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва бесомониҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон буданд, баъди сулҳу салоҳ ва ором гардидани кишварамон низ хиёнат, ҷаҳолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд.

Бо тамошои филми “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, мо бори дигар аз хиёнатҳои нобахшидании Муҳиддин Кабирӣ, ва дигар хоинони миллат ошно гаштем.

Дар филми мазкур, ки таърихи начандон дури хиёнаткориҳо ва нопокиҳои  ҳизби мамнӯи террористӣ, роҳбари он Кабирӣ ва думравону нохалафоне, ки имрӯз ватангадо ҳастанд, кушоду равшан дар асоси далелҳои қотеъ, аз суханони шоҳидони амалҳои террористии соли 2015 бо сарварии генерали хоин Назарзода намоиш дода шуда, маҳкум гардид.

Фарзанди нохалафи Кабирӣ маблағҳои калонро бо дасти худ ба Назарзода додааст, ки ташкилкунандаи ин амалиёти террористӣ бевосита худи Кабирӣ буд. Муҳиддин Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат карда, ба хориҷи кишвар фирор кард, ки ин ҳолатро низ шоҳидони ҳол ошкоро нақл намуданд.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони у пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон ба кишвари Аврупо фирор намуданд ва дар ба дари хоҷагони хориҷӣ ва охундҳояшон гашта, бо дастури онҳо тавассути сайтҳои ифротӣ ва мамнӯъ бар зидди миллати хеш дурӯғу бӯҳтон мезананд.

Ин тоифа хоинон аз доираи одаму одамгарӣ кайҳо баромадаанд, нафақат худ балки аҳли оила, дӯстону пайвандони худро фурӯхта, бар ивази молу пули хориҷиён тамоми арзишҳои хоси инсониашонро фурӯхтаанд.

Ҳамин тариқ, вақте шахс филми “Хиёнат”-ро тамошо мекунад, ба хиёнаткориҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ноҷавонмардаш бори дигар хабардор ва аз чеҳраи нопоку амалҳои нобахшидании онҳо нисбати давлату миллат шинос мегардад. Тавассути тамошои ин филм мо бояд хулосаҳои мушаххас бароварда ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, дӯстро аз душман фарқ карда тавоем.

М.АМИНОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров
М.ДАДОБОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh