Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар аст!

Силсилафилми «Хиёнат», ки воқеаҳои аслии даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд, ҳадафҳои пасипардагии хоинонро бо далелҳои мушаххасу раднопазир фош кард. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир шуури сиёсӣ-ҳуқуқӣ, маърифатӣ-динии мардум боло рафтаву аксарият дар шинохти авомфиребону фитнаангезон малака пайдо карда мебошанд.

Бидуни намоиши силсилафилми «Хиёнат» ҳам мардум дарк карданд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва чанд тан аз ватанфурӯшон бо сад макру ҳилла мехоҳанд, осмони софу беғубори Тоҷикистони биҳиштосоямонро оғуштаи тиру туфанг, ғарқаи оташу хун сохта, тавассути он курсиҳои олии идоракуниро соҳиб шаванд. Дар филм фитнаҳову иғвоангезии хиёнаткорон ба таври равшану барҷаста, бо тамоми нозукиҳои дасисабозиву сиёсатофариашон нишон дода шудааст, ки дигар ҷои шубҳа ҳам нест. Зеро қаҳрамонони филм шахсони воқеӣ, иштирокчиёни бевоситаи равандҳои гуногуни сиёсӣ буда, лаҳзаҳо аз мусоҳибаҳо, наворҳои вохӯриву гуфтушунидҳои таърихӣ далолат ба воқеияти он доранд.

Агар ба таҳлили амиқ даст занем аз рафтори хоинони давлат дар ҳайрат мемонем. Зеро даҳаи якум ва дуюми даврони Истиқлол душманони ваҳдати кишвар дар роҳи тарғибу татбиқи ақидаҳои фундаменталистии ислом ба монанди ташкили хилофат, мутамарказии идоракунии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки берун аз муқаррароту нишондодҳои мазҳаби Ҳанафия-мактаби бузурги фиқҳӣ мебошад, камари ҳиммат мебастанду имрӯз, дар даҳаи сеюм акси он дар роҳи бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд садо баланд мекунанд. Аз минбари созмонҳои байналмиллалии ҷаҳон хешро ҷонибдору созанда ва ҳомии демократия метарошанд. Ба ин васила фурсати муносиб ва имконияти фарох барои абарқудратҳо дар намоиши иқтидори ҳарбиву қувваозмоии онҳо эҷод месозанд. Зеро аъзоёни гуруҳи сунъии бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» аз ин ё он кишвари Аврупо шаҳрвандӣ доранд ва он ҷо маскун ҳастанд, аз мардумфиребии худ маблағи зиёду муфт ба даст меоранд ва дар ҳолати дубора ба хоку хун оғушта шудани Тоҷикистон дар он кунҷи олам ҷон ба саломат мебаранд. Чунин ашхосон ҳеҷ гоҳ ба қадри сулҳу ваҳдат, созандагиву ободкорӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хоби орому неъмати фаровон нахоҳанд расид. Зеро чашмонашонро маблағи муфт кӯр кардаву қалбҳояшонро орзуи мансаб санг сохтааст. Дар акси ҳол хоки Ватанро аз тахти Сулаймон беҳтару ҳифзи якпорчагии онро авлотар аз тамоми манфиатҳои шахсӣ меҳисобиданд ва ҳеҷ гоҳ тақдири худро ба кафандуздиву косалесӣ намепайвастанд. 

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh