Ҷаҳонбинии танги ифротгароён

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.

Чунин ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо ба ҷомеаи солими ҷумҳурӣ то ҳол таъсири манфии худро расонида истодаат, ки бо несту нобуд накардани чунин ташкилотҳои ташвишовар ҷомеаи солиму аз ифротҳо озодро барпо намудан душвор аст.

Имрӯз тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои қудратии ҷумҳурӣ барои пешгирӣ ва несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳо ҷидду ҷаҳд мабарад. Албатта, самаранокии кори онҳоро мушоҳида мекунем, ки онҳо ин намуд ташкилотҳои зиддиқонуниро дастгир намуда, фаъолияти онҳоро қатъ менамоянд.

Мутаассифона, ин гуна шахсон аз давлати мо низ дар канор нест. Аз ин бар меояд, ки бесаводӣ, кӯтоҳандешӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқию тангии ҷаҳонбинӣ дар авҷ буда, аз ҳамаи масъулин зиракиро металабад, ки насли наврас аз ин гуна ташкилотҳо дур бошад ва умуман бо ин гуна зуҳурот рӯ ба рӯ нашаванд. Оиди пешгирӣ ва нест кардани ин намуд ташкилотҳо дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ семинарҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Бо вуҷуди он ки боз ин намуд ҳолатҳо ба назар мерасад. Ин масъалаи ташвишовар аст албатта.

Агар аз диди таҳлили нигарем иттиҳодяиҳои ё гуруҳҳои сиёсии динни ё гуруҳҳои ифротгароии динӣ, дар асл инҳо иттиҳодияҳои дини нестанд, балки он гуруҳҳое ҳастанд, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба қудрат ё воситаи муозираи сиёсӣ истифода мекунанд. Пурра несту нобуд сохтани фаъолияти иттиҳодияҳои динии ифротгаро ё ҳизбҳои сиёсии дингаро яке аз ҳадафҳои асосии амниятӣ миллӣ мебошад, ки то имрӯз дар ин партав корҳои зиёдеро иҷро намуд. Манъи фаъолияти Паймони миллӣ ва чун ташкилоти ифротӣ эълон намудани он қобили қабул аст.

Абдувоҳидов М. Р. – котиб коргузори кафедраи
 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh