ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ХОБИ КАБИРИРО ПАРОНД

Имрӯзҳо аз расонаҳо мутолиа менамоем, ки раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва роҳбари пойгоҳи хабари ифротии ахбор.ком М. Салимпур пас аз дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хеле дар ташвиш афтода, намедонанд ин ҳама ҳақиқати таърихиро чӣ гуна инкор намоянду ба чашми мардум хок зананд.

Тавре, ки медонем ҳоло ҳама аъзои ТТЭ ҲНИ ва махсусан он рӯзноманигорони ба ном “коршинос”-у “фаъоли ҷамъиятӣ” куллан дар ҳоли шок афтодаанд, ки чӣ тавр ҳама сирру асрорашон ба мардуми тоҷик фош гардид. Зеро то ба ҳол наҳзатиён худро “ҳомии миллат” ҳисобида, кӯшиш мекарданд дар зери ниқоб баромад намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Наҳзатиёни хоин фикр мекарданд, ки онҳоро касе намешиносад ва ҳамин тавр оромона ба хоҷагони хориҷияшон хизмат кардаву пардапӯшона бар миллат хиёнат мекунанд, лек яку якбора ин ҳама сирру асрор ифшо гардиду тарбуз аз бағали Кабирӣ афтод.

Албатта, ифшокориҳои филми мустанади “Хиёнат” барои кулли  наҳзатиёни хоин ногаҳонӣ буд ва ин  раъду барқеро мемонд, ки дигар ҳама пардаи пинҳони наҳзатиёнро сӯхта буду наҳзатиён дигар луп луч монданд.

Ҳоло масъалае, ки пеши наҳзатиён ва дигар афроди хоин пеш омадааст, ин чӣ тавр барои хоҷагони хориҷияшон фаҳмонанд, ки асрорашон дигар фош шудаасту миллат ба тамоми медонад, ки наҳзатиён ва дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ кистанд?!

Он чӣ имрӯзҳо дар Аврупо мегузараду шабу рӯзи наҳзатиёнро тира сохтаасту хобро аз сари наҳзатиён ва М. Кабирӣ гирифтааст, ин филми мустанади “Хиёнат” мебошад, ки дигар тамоми сокинони кишвар диданду наҳзатиён ҳам натавонистанд, ки пеши роҳи  онро бигиранд. Ҳоло М. Салимпур ва М. Кабирӣ бо М. Садриддин талош мекунанд, ки дар ин шабу рӯзҳо ба хотири фиреб додани миллату худро дар назди хоҷаи хориҷияшон сафед кардан чанд матлабе бинависанд, то манбаи маблағро аз даст надиҳанд. Ва ҳамин аст, ки на шаб гуфтаву на рӯз сарсупурадаи наҳзатиён Салимпур дар расонаҳояш дурӯғ менависаду дасисабозӣ мекунад, аммо дигар ягон фоида надорад.

Ҳам Кабирӣ ва ҳам М. Саргину М. Салимпур агар ҷонашонро ҳам фидо созанд, дигар чеҳраи аслияшон мисли пишина ба ниқоб даровардаву пинҳон карда наметавонанд, зеро он чӣ интизор мерафт, ҳақиқати наҳзатиён ифшо гардид.

Аз ҳамин лиҳоз аз ҳамватанони арҷманд хоҳиш менамоем, ки ба дасисаву фитнаи душманони миллати тоҷик наҳзатиён дода нашаванду худро эҳтиёт намоянд.

Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ»

Add comment


Security code
Refresh