МАРГ БАР ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ!

Ҳоло маълум гардид, ки аъзои ТТЭ ҲНИ душманони миллати тоҷик, имрӯзҳо аз ҷониби кишвари ба мо маълум сармоягузорӣ мешаванду бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд. Тавре медонем, аъзои ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо мехоҳанд, ки обрӯву мақоми кишварро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш диҳанду ба ҳамин восита миллатро гумроҳтар намоянд.

Ҳоло аъзои ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳтар намудани ҷомеа бо маблағгузори хоҷагони хориҷияшон чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки аз хориҷи кишвар истода, иғвобарангезиву дасисабозӣ менамоянд, то ҷомеаро гумроҳ созанд. Аммо дар асл бошад, ин наҳзатиёни палид душманони миллати тоҷик мебошанд, ки ба хотири хиёнат ва душмани бар миллати тоҷик аз хоҷагони хориҷияшон маблағ мегиранд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!

Изҳороти устодони кафедраи

геология ва корҳои нафту гази ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh