Фитнаҳои фитнагарон

Табиист, ки душман дар ҳоле ба ҳуҷум рӯ меоварад, ки рӯйдоде ва ё ҳодисае дар зиёни тарафи муқобил ҷараён дошта бошад. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҳаргуна иттилооти сохтаву бофта ва беасос фитна ангехтан ва дар замири мардум ҳисси шакку гумон барангехтан кори душманони зифу нотавонанд, ки ҳақиқати таърихиро нодида мегиранд ва рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоиро таҳриф менамоянд. Аз ҳамин ҷиҳат, баромад ва суханрониҳои душманони миллатро бо дидгоҳи мунсифона баррасӣ намудан муҳим аст. Аввалан собит гардид, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон маҳз бо шарофати истиқлолияти милливу давлатӣ пешрафтҳое ба амал омаданд, ки кишварро аз вартаи нобудшавӣ ба суботу амният ва фаъолияти рӯзафзуни иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ расонид. Ҳазорҳо мухолифин бо чандин фитнагариву дурӯғбофӣ наметавонанд, ободиву сулҳу субот ва пешрафтҳои назарраси кишварро инкор намоянд.Ба фаъолият шурӯъ намуданитанҳо «Роғун» ҷавоби раднопазире аст, ки метавон ба ҳар мухолифин мисол овард.

Дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси ҷаҳон замоне, ки ҷаҳониёнро бемории сироятии COVID- 19 ба ташвиш овардааст, мухолифин аз ин вазъият сӯъистифода намуда, перомуни давлату ҳукумат ва сиёсатмадорони кишвар ҳарфҳои беасосу фитнаҷӯёнаро ба мардум расониданмехоҳанд, ки камоли душманӣ ва айни манфиятҷӯӣ мебошад. Ин афрод ба хусус Муҳидддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ заррае дар андешаи мардум нестанд. Аз оғоз то имрӯз маромашонсоҳиби давлат ва ҳукумат гардидан ва Тоҷикистони ободузеборо дар банди дину хурофот кардан аст. Ояндаи Тоҷикистонро динӣ ва хурофотӣ тасаввур кардан ва дар ин роҳ бо кӯмаки хоҷагони бегона тасмимҳои ҷиддӣ гирифтан хиёнате беш нест.

Бояд таъкид дошт, ки дин ва муҳиммоти мазҳабро ба сиёсат пайвастан маънои онро дорад, ки аслан чунин афрод ҳадафи ниҳояишон дину диёнат набуда, балки давлату дунё мебошад. Агар чунин набуд, аз номи дин ба давлат душманӣ намекарданд. Душманони мо бо истифодаи аз вазъияти баамаломада маккорона ба мардум дурӯғ мефурӯшанд. Аммо, намедонанд, ки ин баромаду даъвоҳояшон ба ҷуз нафрати мардум дигар чизе бор нахоҳад овард. Хиёнат бахшида намешавад. Барои рафъи ҷанги шаҳрвандӣ мухолифон ҳарчи хостанд давлат розӣ шуд ва чандин вазифаҳои асосӣ ба ихтиёри онҳо вогузор карда шуд. Натиҷаи ин бахшиш боз ҳам собит сохт, киин гуна афрод ба паймонашон вафо накардаанд. Бубинед, калимаи паймон, ки ба худашон ҳаргиз робита надорад аз он фаровон истифода менамоянд. Донишманде гуфта буд, ки ба ду тоифа ҳаргиз бояд паст наойӣ гурӯҳи аввалохундҳо-диндорон ҳамин дӯстҳои мухолифини тоҷик, бародарҳои ҷонии Муҳиддин Кабирӣ, гурӯҳи дуюм коммунистон, ин ду тоифаро наметавон ба осонӣ бовар кунонид, ки ҳарфашонғалат аст. Дар назарашон кулли ҳақиқат танҳо динашон ҳаст.

Муҳиддин Кабирӣ медонад, ки дин дар ҷомеи имрӯз наметавонад омили пешрафт ва тараққӣ бошад. Аксари давлатҳое, ки бар онҳо афкори динӣ ҳукмрон аст, тараққинокарда ва пешрафтнодида ҳастанд. Шумори ками давлатҳои исломӣ, ки бо фурӯши нефтҳояшон то ҷое иқтисодиёташон густариш ёфтааст, маҳз аз сабаби таҳкими равобиташон ба ташкилотҳои ғайридинӣ аст. Ҳар нафаре мехоҳад дар кишвар афкори динӣ ҳукмронбошад, бидуни тардид душмани аввалини кишвар аст.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш як бор Тоҷикистонро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил додаанд, ки то имрӯз таъсирашро метавон дид. Дар замоне, ки ҳазорҳо мубталои беморӣ ҳастанд, ба ҷои кӯмакҳои моддиву маънавӣ мардумро ба алайҳи ҳукумат ташвиқ намудан ба ҷуз ноҷавонмардӣ дигар чизе нахоҳад буд.

Мушкилии ин замон ҳам бо гузашти вақт бартараф мешавад, аммо моро зарур аст, ки ба ҳар гуна ҳарзагӯён ва душманони миллати тоҷик гӯш наандозем ва тавтеаву фитнагариашонро сари вақт бишносем. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромад намудан ва суханҳои ба зидду ҳукумату мамлакат гуфтани мухолифонробояд як чизи табиӣ ва ғаразмандона донист. Бахусус, ҷавононе, ки ба чунин суханрониҳо таваҷҷӯҳ менамоянд, бояд донанд, ки ҳадафи аслии чунин гурӯҳҳо ҳаргиз ватанхоҳона нест. Балки мехоҳанд ба Тоҷикистон соҳиб бошанд ва ин кишвари озоду ободро дар зери мустамликаи давлатҳои исломӣ ва хуруфотиву мазҳабӣ гирифтор намоянд.

П.Неъматов, дотсенти
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh