Изҳорот: Саломатии ҳар фард - сарвати ҷомеа

Саломатӣ – гавҳари ноёби на танҳо инсон, балки тамоми ҷамъият мебошад. Саломатӣ – талаботи аввалин ва асоситарини инсон аст, ки қобилияти меҳнатӣ ва инкишофи шахсияти ӯро муайян месозад.

Ҳифзи саломатӣ вазифаи ҳар як инсон мебошад. Саломатӣ бузургтарин арзиши инсонӣ аст. Маълум аст, ки саломатии хуб аз омилҳои асосии иҷрои вазифаҳои биологию иҷтимоии инсон ва бунёди зуҳуроти шахсият ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Ҳамзамон аён аст, ки беморӣ ва саломатии заиф амал ва озодии инсонро маҳдуд месозад. Намудҳои гуногуни беморӣ дар ҳар давру замон вуҷуд дорад ва инсоният ҳамеша мекӯшад солим бошад, бемор нашавад, вале беморӣ ногаҳон пайдо шуданаш мумкин аст. Барои саломатии бардавомро таъмин намудан тамоми инсоният бояд тарзи ҳаёти солим дошта бошад.

Дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мубориза бо одатҳои зараровар мавҷуд мебошад ва солҳои охир доир ба ин масъала эътибори хоса зоҳир гардида истодааст. Махсусан, дар марҳилаи пайдоиш ва хуруҷи бемории сироятии COVID - 19 дар мамлакатҳои ҷаҳон назару эътибори давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба саломатии инсон ва риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ зиёд гардид, ки ин бесабаб нест, зеро бемории коронавирус барои аҳли башар бемории нав ба шумор рафта, роҳҳои пешгирию табобати он ҳоло ба таври дақиқ муайян нагардидааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як инсон бо истифода аз донишу таҷрибаҳояш ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ аз COVID - 19 кӯшиш ба харҷ дода, маслиҳатҳоеро ки тариқи сомонаҳои хабарӣ пешниҳод гардида истодааст, дуруст қабул намуда, дар ҳаёти ҳаррӯзааш мунтазам амалӣ намояд.

Таҳлили дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки худинкишофёбӣ, инкишофи шахсияти худмадад натанҳо ба худ, балки ба атрофиён низ ҳаёт мебахшад: «худатро эҳтиёт кун ва дар атрофи ту ҳазорҳо нафар эмин мемонанд!» имрӯзҳо ҳамагон бояд таҳди ин шиор амал намоянд.

Чун ҳаёти инсон арзиши олии ҷомеа аст, пас маҷмӯи хусусиятҳо, сифатҳо, вазъи инсон натанҳо арзиши худи ӯ, балки арзиши ҷомеа низ маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин саломатӣ ҳар як фардро ба сарвати ҷомеа мубаддал месозад.

Баррасии саломатӣ натанҳо ҳамчун категорияи тиббию биологӣ, балки аз мавқеи фарҳанг низ зарур ва дуруст мебошад. Саломатии инсон аз худи ӯ вобаста аст. Калиди хушбахтӣ дар дасти худи ӯст.

Саломатии аҳли ҷамъият бо фаъол ва бетараф будани аъзои он нисбати ин масъала алоқамандии зич дорад. Ҳар як шаҳрванд имрӯзҳо набояд бепарвову беҳавсала ё мунтазири ёрии дигарон бошанд, бояд баҳри беҳдошти ҳаёти солим фаъолу масъулият ҳис намуда, баҳри беҳбудии саломатии худ ва дигарон чунин амалҳоро ба самон расонида тавонад:

  •  пеш аз ҳама худро солим нигоҳ дорад ва барои тансиҳатии худ ғамхорӣ намояд;
  •  асосҳои тарзи ҳаёти солим ва татбиқи қоидаҳои гигиениро донад;
  •  қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро ҳатман риоя намояд;
  •  дар чорабиниҳо оид ба пешгирии касалиҳо дар оилаи худ ва дар сатҳи ҷамъият саҳмгузор бошад.

Тансиҳатии шаҳрвандон – ин солимии миллат аст.

Г.Ҳошимова,
устоди ДДХ ба номи
академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh