ХИЁНАТКОРИИ НАҲЗАТИЁН БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Воқеан ҳам агар назаре ба таърихи муосири халқи тоҷик биандозем хуб мефаҳмем, ки чӣ тавр дар як муддати кӯтоҳ хушбахтӣ ва саодати миллатро аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба як ғаму андӯҳ табдил доданд. Ҳоло ҳам мушоҳида менамоем, ки доғҳои ин амали нангинбор ва даҳшатофари наҳзатиён то ҳол аз дили мардум нарафтааст. Он чӣ он рӯз наҳзатиён дар кишвар ташкил карданду кунун мо ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ меномем,  сад дар сад як даҳшат ва як ваҳшат буд. Аъзои ТТЭ ҲНИ бо ин кори худ зиёда аз 160 000 нафарро қурбон сохтанду зиёда аз як миллион нафарро гуреза карданд, аммо чизи дигаре, ки ҳоло мардумро ба хашм овардааст, ин дубора даст ба ҷайби мардум ало кардани наҳзатиён мебошад. Акнун аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар фаъолият бурда, аз ҳамон ҷо истода бо маблағи хоҷагони хориҷияшон ҳар рӯз маводу матлабҳои бардурӯғ менависанд, то ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, фиреб диҳанд.

Аммо наҳзатиён  як маротиба андеша намекунанд, ки аслан онҳо барои кӣ хидмат мекунанд?

Оё барои чаҳор танга наход инсон аз худ гузараду хоинӣ кунад?

Чаро наҳзатиён пеши худ ин суолҳоро намегузоранд?  Оё онҳо фирк намекунанд, ки ҷабр бар мардум ва эҷоди дурӯғ дар ҷомеа, оқиби хуш надорад ва дар ягон дин ҳам иҷозат дода нашудааст, пас чаро наҳзатиён бар ин намеандешанд, вақте ки онҳо худро мусалмон меҳисобанд?

Ҳақиқатан ҳам маълум мешавад, ки ин наҳзатиёни палид ва авбош ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ба ҳар роҳе мераванд, то сари вақт супориши хоҷагони хориҷияшонро иҷро кунанду маблағи хубтаре ба даст оваранд. Лек як маротиба ҳам андеша намекунанд, ки ин ҳама амалҳо ва рафторҳои нодуруст, оқибат ҷавобгарӣ дорад ва як рӯз не як рӯз ин ҳама хиёнатҳои наҳзатиён ба тарозу кашида хоҳад шуд, ки фикр мекунам, дигар он вақт хоки наҳзатиён ба бод хоҳад рафт.

Ҳар чӣ имрӯз аз ҷониби наҳзатиён анҷом мешавад ва он ҳам боя кмақсад аст, яъне хиёнат бар миллати тоҷик, ноором кардани кишвар, аз байн бурдани сулҳу ваҳдат. Ин аст мақсади хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ ва худи наҳзатиёни палид.

Ҷомеаи равшанфикри тоҷик дар ин масъала ором наистад ва бар ин душманони наҳзатӣ, ки нияти норому гумроҳ кардани миллатро доранд, муқобилият нишон диҳанд ва ҳақиқати наҳзатиёни манҳусро ифшо созад.

Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh